ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Ҳоло соҳаҳои иҷтимоии мамлакат низ, хусусан маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ба кадрҳои салоҳиятноку болаёқат ва донишманд, пеш аз ҳама аз ҳисоби занону духтарон ниёз доранд.
Бояд гуфт, ки ҳарчи бештар ба ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат ҷалб кардани занон яке аз шартҳо ва нишонаҳои баробарҳуқуқии онҳо бо мардон мебошад. Дар ин самт андешидани тадбирҳои мушаххас оид ба таъмини занону духтарон баъди хатми муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ бо кори доимӣ, ҷалб ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад.
Ҳукумат аз ҷониби худ ба ҳаллу фасли ин масъала диққати доимӣ медиҳад. Ҳоло дар назди марказҳои шуғли аҳолии бисёр шаҳру ноҳияҳои мамлакат биржаҳои меҳнатии занон амал мекунанд, ки онҳо ба занон бевосита дар масъалаи пайдо кардани ҷои кор кўмак мерасонанд.
Соли гузашта ба марказҳои шуғли аҳолии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо қариб 43 ҳазор нафар занону духтарон барои дарёфти ҷои кор муроҷиат намуданд, ки аз онҳо
11 ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин гардида, 3500 нафар ба касбомўзӣ ва зиёда аз 8 ҳазор нафари дигар ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар карда шуданд.
Ҳамчунин соли 2005-ум 12 ҳазор нафар занон ба корҳои муваққатӣ ҷалб карда шуда, маош гирифтанд.
Табиист, ки қувваи зиёди меҳнатии деҳотро занон ташкил медиҳанд. Бо мақсади фароҳам овардани шароит ва имкониятҳои бештар ба занон қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи дастёбии занони деҳот ба замин» ва «Дар бораи таҷдиди сохтори корхонаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ» қабул гардиданд, ки дар асоси онҳо 225 корхонаи кишоварзӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ табдил дода шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё