ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Умуман занон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ зиёда аз 46 фоиз ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ 32 фоизро ташкил мекунанд. Дар баробари ин, ҳанўз дар муассисаҳои таълимии мамлакатамон қариб 9000 нафар омўзгорон намерасанд.
Аз ин рў, ба Вазорати иқтисод ва савдо, Вазорати маориф ва донишкадаву донишгоҳҳои омўзгорӣ зарур аст, ки бо дарназардошти эҳтиёҷоти ҳар як шаҳру ноҳияи мамлакат бештар ба тайёр кардани омўзгорон аз ҳисоби занону духтарон таваҷҷўҳи ҷиддӣ намоянд.
Ҳадаф аз ҷудо намудани квотаи президентӣ дар баробари бештар тайёр кардани мутахассисони касбӣ аз ҳисоби духтарони ноҳияҳои дурдасти кўҳистон ва ҳалли масъалаи таъминоти маҳалҳо бо кадрҳои лаёқатманд, инчунин ҳарчи зиёдтар соҳибмаърифат кардани занон мебошад. Зеро агар маърифату дониши зан баланд бошад, фарзанди ў низ дуруст тарбия ёфта, сазовор ба камол мерасад.
Тибқи квотаи президентӣ аз соли 1997-ум то соли 2005-ум дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ 5 ҳазору 600 ҷой ҷудо гардида буд. Вале роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз ин имконияти хуб пурсамар истифода накарда, дар ин муддат танҳо 4 ҳазору 440 нафар духтаронро барои таҳсил ба мактабҳои олӣ фиристодаанд.
Гузашта аз ин, дар интихоби довталабон барои таҳсил то ҳанўз ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ дода мешавад.
Баъзе роҳбарон ва омўзгорони мактабҳои олӣ аҳамият ва ҷиддияти ин масъаларо ҳанўз ҳам дуруст дарк накардаанд.
Бо супориши Президенти мамлакат шумораи квота барои ба мактабҳои олӣ қабул кардани духтарону писарони лаёқатманди ноҳияҳои дурдасти кўҳистон дар солҳои 2006–2010-ум нисбат ба солҳои 2001–2005-ум боз ду маротиба зиёд ва инчунин аз моҳи ноябри соли гузашта стипендияи донишҷўён 100 фоиз баланд карда шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё