ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Дар сурати аз фаъолияти тиҷоратӣ бештар ба истеҳсолот, яъне ташкили корхонаҳои хурди истеҳсоливу хизматрасонӣ рў овардани занони соҳибкор на танҳо худи онҳо, балки бисёр занони дигар низ соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.
Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки то ҳанўз масъалаҳои демографӣ ва танзими оила, яъне афзоиши бенизоми оила, идома пайдо кардани маъракаҳои серхароҷот ва беҳбудии вазъи моддӣ ба баланд гардидани сатҳи зиндагии бисёр оилаҳои кишварамон таъсири манфӣ мерасонанд.
Умедворам, ки шумо – модарону хоҳарони арҷманд дар баробари ба даст гирифтани ташаббус дар бобати ба низом даровардани оила ва расму оинҳои халқӣ, тарбияи насли аз ҷиҳати ҷисмониву маънавӣ солими ҷомеа, инчунин дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва ободии Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда мегузоред.
Зеро корҳое, ки имрўз ба хотири ободии Ватан амалӣ шуда истодаанд, танҳо бо дасти насли наврас ва фақат дар сурати тарбияи модарон, яъне эҳсоси гарми одамияту башардўстӣ, худшиносиву ватанпарастӣ ва бунёдкориву созандагӣ идома пайдо карда метавонанд.
Ва мо танҳо дар ҳамин сурат ба ояндаи ободи Ватанамон ва шукуфоии Тоҷикистони азизамон умед баста метавонем.
Бори дигар ҳамаи шуморо, модарону хоҳарони азиз, бо идатон табрик намуда, ба хонадони ҳар кадоматон хушбахтӣ, фаровонӣ ва файзу баракат орзумандам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё