ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ
БАЙНАЛХАЛҚИИ ЗАНОН
(7 марти соли 2005)
Модарону хоҳарони азиз!
Бонувони гиромӣ!
Дар ин айёми зебои фасли сол – оғози баҳори аҷам, ки чун модар ҷонбахшу зиндагиофарин аст, мо иди фархундаю фараҳбахши 8-уми мартро бо шодиву нишоти хоса таҷлил менамоем. Бо камоли эҳтирому самимият тамоми модарон, занону духтарони сарзамини хуршедии Тоҷикистон ва ҳар яки шуморо – ҳозирини мўҳтарам ба муносибати Иди байналхалқии занон табрику муборакбод намуда, ба ҳамаатон сиҳатмандиву болидарўҳӣ, хушрўзгориву хонаободӣ ва барори кору баракати зиндагиро орзу мекунам. Тозатарин орзу ва таманниёте, ки инсонҳо дар замирашон мепарваранд, ин арзи эҳтиром ба шахсияти зан-модар аст.
Табиӣ ва рамзист, ки Рўзи байналхалқии занон падидаи иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангӣ буда, он аз фарорасии рўзи наву рўзгори нек мужда мерасонад ва мо онро бо шукўҳу зебоии табиат маҳз дар арафаи иди шумо эҳсос мекунем. Рамзи иди занон дар мушоҳидаи мо тибқи тақвими ориёӣ ин ишора ба асолати зебоӣ, покии рўҳ ва таровиши эҳсоси ҳамешагии инсонҳост, ки ба сиришти созандагӣ алоқаманд мебошад. Паҳлўи назарраси ин падида аз ҷаҳони поки модарон, дилҳои ҳассосу орзупарвари занону духтарон ва ниятҳои неки онҳо ибтидо гирифта, моро водор месозад, ки чунин як пайки фархундаро бо самимияти инсонӣ ва рўҳбаландии хоса шодбош гўем. Воқеан, нақш ва мақоми зан дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки нобиғаҳои олам дар назди зан сари таъзим фуруд оварда, таъкид кардаанд, ки зан офарандаи ҳаёт, эҳёгари зиндагӣ ва илҳомбахши рўзгор мебошад.
Зан тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст. Нахустин мактаби инсон – мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ў ба камол расида, сабақи одамият омўхтаем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё