ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Ҳарчанд ки солҳои охир ба вазифаҳои роҳбарикунанда ҷалб кардани занҳои қобилиятноку ташкилотчӣ суръат гирифта, фоизи намояндагии онҳо дар шоҳаҳои мухталифи ҳаёти давлатӣ нисбат ба кишварҳои дигар хеле баланд аст, вале ин ҳанўз нокифоя мебошад. Занону духтарони лаёқатманд ва дорои маҳорати баланди кордониву роҳбарӣ бояд дар ҷомеа ҳамеша дастгирӣ ёбанд. Чунки ташаккули ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бе иштироки фаъолонаи занон ғайри имкон аст.
Бо мақсади тарбияи мутахассисони ва кадрҳои соҳибихтисос барои соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ ҳашт сол мешавад, ки ба духтарони болаёқати ноҳияҳои кўҳистон барои таҳсил дар мактабҳои олии мамлакат имтиёз муқаррар карда шудааст.
Танҳо соли гузашта беш аз 600 нафар духтарон тибқи имтиёз ба мактабҳои олӣ бе имтиҳон дохил шуданд. Ҳоло дар мактабҳои олии кишварамон зиёда аз 2200 нафар духтарон дар асоси имтиёз таҳсил мекунанд ва мо умед дорем, ки оянда онҳо дар ҷомеа бо дониши пухта ва фаъолияти худ мақоми шоиста пайдо мекунанд.
Ҳифзи иҷтимоӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани занон, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи маънавию ахлоқии онҳо ва тандурустии модару кўдак аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки ҳамеша дар маркази таваҷҷўҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд.
Дар айни замон дар кишварамон бештари занон дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанд, инчунин аз се як ҳиссаи занони қобили меҳнат бо соҳибкории хурд машғул ҳастанд.
Лекин онҳо дар масъалаи ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷорӣ кардани усулҳои нави хоҷагидорӣ ва ба зиммаи худ гирифтани вазифаҳои роҳбарӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ ҳанўз камфаъолият мебошанд.
Мақомот ва сохторҳои дахлдори ҳукуматӣ дар ин бобат бояд занони соҳибкор, пеш аз ҳама онҳоеро, ки ният ва имконияти тайёр кардани ҷойҳои нави кориро доранд, дастгирӣ намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё