ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Бори дигар ҳамаи шумо – модарону хоҳарони азизро ба ифтихори идатон табрик мегўям. Орзуманди саломатӣ, хушбахтии ҳар кадоми шумо ва оромиву осоиши хонадони шумо ҳастам.
Идатон муборак ва хонаатон обод бошад!
Ташаккур!
ПАЁМИ ТАБРИКИИ
ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
БА МУНОСИБАТИ ИДИ ЗАНОН
(7 марти соли 2004)
Модарон ва хоҳарони азиз!
Шуморо ба ифтихори Рўзи байналмилалии занон, ки мо онро ҳар сол бо муҳаббат ва самимияти хоса ҷашн мегирем, табрик менамоем.
Иди занон, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва эҳёи табиат таҷлил мегардад, воқеан ҳам иди меҳру вафо ва покиву садоқат ба зан-модар, яъне офарандаи ҳаёти башар мебошад.
Мо – тоҷикон, ҳамеша мақому манзалат ва ҳурмату эҳтироми зан-модар ва ба қавли бузургонамон олиҳаи зиндагиро баланд қадр мекунем.
Ин қадршиносиву муҳаббати бепоён дар ашъори адибони оламшумули мо дар пояҳои баландтарин инъикос ёфтааст. Ва беҳуда нест, ки дар тамоми давраҳои таърихи инкишофи миллатамон занон ҳамеша мавқеи хоса ва нақши барҷаста доштаанд.
Дар дини мубини ислом низ зан-модар дар пояи баланд қарор дорад. Китоби осмонии мусулмонони олам – «Қуръон»-и маҷид ба мақоми зан, ҳимояи ҳуқуқ ва қадри иҷтимоии ў баробар бо мардон арҷ мегузорад.
Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ дар кишварамон дар бобати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон модели сиёсати давлатии Тоҷикистон эҷод карда шуд.
Давлат ва сохторҳои дахлдори он дар таҳия ва татбиқи сиёсати баробарҳуқуқӣ, баланд бардоштани мақоми зан ва таъмини риоя ва ҳимояи ҳуқуқи қонунии онҳо нақши асосӣ ва муайянкунандаро ба зиммаи худ гирифтааст. Ҳукумати Тоҷикистон ҳадаф, вазифаҳо ва самтҳои сиёсати баробарҳуқуқӣ, инчунин тадбирҳои мушаххасро доир ба татбиқи онҳо муайян кардааст.
Дар ин самт аллакай як қатор барномаҳо ва нақшаи тадбирҳои ҳукуматӣ дар амал татбиқ шудаанд ва мо ин равияро минбаъд низ густариш хоҳем дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё