Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Вақте шахсият соҳиби маърифати баланд шуд, ҳатман аз болои ҷоҳилият пирўз мегардад.
Албатта, ҳамаи паҳлўҳои зиндагии ҷомеа дар ягон давру замон бекамбудӣ намешавад ва ахлоқи аъзои ҷомеа низ аз ин қоида истисно нест. Вале вайронаи ахлоқ дар байни занони тоҷик ҳеҷ вақт омили муайянкунандаи симои онҳо набуд ва нест.
Баъзе муаллифон бахотири ҳангомаҷўйӣ ва зиёд кардани харидори навиштаҳояшон сатҳи пасти зиндагиро сабаби асосии костагии ахлоқи занон нишон медиҳанд. Лекин агар солҳои вазнину тоқатфарсои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва дигар давраҳои душвори таърихи халқамонро ба хотир биёрем, бебунёд будани чунин даъвоҳо равшан мешавад. Зани тоҷик номусу иффати худ ва ахлоқи ҳамидаву покизаи худро дар тўли тамоми таърих ҳифз кардааст, зеро ин хислат яке аз мушаххасоти барҷастаи ў мебошад. Ва бо итминони комил метавон гуфт, ки занону духтарони сарбаланди мо ин хислати қиматро минбаъд низ ҳифз хоҳанд кард.
Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи тандурустии занонро низ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мешуморад. Зеро саломатии зан омили муайянкунандаи генофонди солими ҷомеа ва миллат аст. Яъне танҳо зани солим насли солим ба вуҷуд оварда метавонад.
Мардуми мо занро нуру чароғи хонадон мегўянд, ки беҳуда нест. Агар ба ин ҳикмат аз лиҳози амалияи иҷтимоӣ назар андозем, то кадом андоза аҳамият доштани саломатии зан-модар ҳам барои хонавода ва ҳам барои ҷомеа ва давлат равшан мегардад. Агар занмодар сиҳати хуб дошта бошад, хонадони мо ҳамон қадар пурнур ва корҳои аъзои оила пешрав мегарданд, ки ин омил дар навбати худ шарти муҳими осоиши ҷомеа мебошад. Аз ин хотир, саломатии занон муносибати ҷиддӣ ва эҳтиёткорона мехоҳад.

пешина
аз 127
навбатӣ