ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Яке аз роҳҳои ҳалли масъала ривоҷ додани соҳибкории хурд ва ҷудо намудани қарз ба соҳибкорон, таъмин кардани озодии воқеии соҳибкорӣ ва дигар имтиёзҳо барои шахсоне мебошад, ки ҷойи корӣ муҳайё мекунанд. Вале имрўз вазъи корҳо дар бобати ба занони соҳибкор додани қарзҳои хурд чандон қонеъкунанда нест ва дар баъзе мавридҳо низоми қарздиҳӣ барои занон қариб дастнорас аст. Дар ин бахш Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои саҳҳомию тиҷоратӣ, ҳамчунин вазорату идораҳои дахлдор, ҳукуматҳои маҳаллӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва сохторҳои дигар бояд шаклҳои нави ҳамкориро густариш диҳанд.
Ҳозирини мўҳтарам!
Чанд муддат мешавад, ки баъзе созмонҳо ва воситаҳои ахбори умум доир ба ҷанбаъҳои ахлоқии занону духтарони тоҷик маводи бўҳтономез пахш карда, доғдор сохтани чеҳраи тобноки онҳоро ба як равия табдил додаанд. Ғарази пинҳонии муаллифони чунин мавод ғайр аз бадном кардани номи неки занон ҳамчунин ба манфиати баъзе ашхос ва гурўҳҳои иртиҷоӣ низ мебошад.
Инсонияти тараққипарвар то ҳанўз даҳшати сиёсати толибон ва муносибати онҳоро нисбат ба занону духтарон фаромўш накардааст. Толибон як режими асримиёнагиро ба роҳ монда, ҳуқуқ ва озодиҳои занонро ба дараҷае поймол карданд, ки назираш дар таърих кам дида шудааст. Дар замоне, ки башарият дар фикри пешрафт ва кашфиётҳои нав ба манфиати насли инсон аст, ба чунин рафтору ақидаҳои ҷоҳилона роҳ набояд дод. Инчунин ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки зан пеш аз ҳама шахсият аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё