Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҷудо кардани қарз барои занони соҳибкор сол ба сол афзуда истодааст. Масалан, агар соли 2006 ба 55 ҳазор нафар 168 миллион сомонӣ қарз дода шуда бошад, ин рақамҳо дар соли 2011 103 ҳазор нафар ва 521 миллион сомониро ташкил кардаанд.
Бо вуҷуди ин, Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратиро зарур аст, ки ҷиҳати фароҳам овардани имкониятҳои бештари дастёбии занон ба қарзҳои имтиёзнок тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Яке аз падидаҳои номатлуб, ки солҳои охир мисолҳои он дар кишвари мо зиёд шудааст, пошхўрии оилаҳои ҷавон ва хушунати хонаводагӣ мебошад.
Масалан, соли гузашта 94 ҳазор ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, вале дар баробари ин қариб 7 ҳазор қайди давлатии бекор кардани никоҳ сабт гардидааст, ки ин боиси нигаронӣ мебошад.
Соли гузашта мо ба Кодекси оила тағйиру иловаҳо ворид карда, синни соли никоҳиро аз синни 17 ба 18 бардоштем, вале ҳоло ҳам дар баъзе ноҳияҳо ҳолатҳои ақди никоҳ бо духтарони ноболиғ мушоҳида мешаванд.
Аз ин рў, Вазорати адлия ва кумитаҳои кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки корро дар байни занону духтарон ва хусусан бо навхонадорон вусъат бахшида, дар ин самт имконияту таҷрибаи шахсони обрўманд, зиёиён ва оилаҳои намунавиро васеъ истифода баранд.
Махсус таъкид месозам, ки тарбияи фарзандон ва ба зиндагии мустақилона омода кардани онҳо, пеш аз ҳама, вазифаи бевосита ва қарзи падару модар аст. Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби асосии барҳам хўрдани оилаҳои ҷавон ба зиндагии мустақилона омода набудани ҷавонон, аз ҷумла духтарон мебошад.

пешина
аз 127
навбатӣ