ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Дар кишвари мо бештари занон дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанд, инчунин аз се як ҳиссаи занони қобили меҳнат бо соҳибкории хурд машғул ҳастанд. Лекин онҳо дар масъалаи ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷорӣ кардани усулҳои нави хоҷагидорӣ ва ба зиммаи худ гирифтани вазифаҳои роҳбарӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ ҳанўз камфаъолият мебошанд.
Масъалаи дигаре, ки мехоҳам диққати шумо - ҳозирини гиромиро ба он ҷалб созам, ин дастрасии занон ба қарзҳои имтиёзнок мебошад. Ман борҳо хотирнишон кардаам, ки пешрафти иқтисодии мамлакатро бидуни рушди муносибатҳои бозорӣ ва ривоҷи соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ тасаввур кардан номумкин аст. Бо ин мақсад Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2006 то имрўз барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон грантҳои президентӣ ҷудо менамояд. Дар заминаи грантҳои мазкур аз соли 2006 то соли 2010-ум 190 нафар занҳои соҳибкор ва ташкилотҳои ҷамъиятие, ки самти фаъолияти онҳо рушди соҳибкории занон мебошад, хеле корҳои судмандро анҷом додаанд. Дар ин муддат ҳазорон нафар занон бо ҷойҳои кори доимӣ ва муваққатӣ таъмин гардиданд.
Илова бар ин, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва соҳибкорӣ қариб 20 ҳазор нафар занон курсҳои омўзиши кўтоҳмуддатро хатм намуданд.
Дар маҷмўъ, дар муддати 5 соли сипаригардида дар доираи ин лоиҳаҳо зиёда аз 21 ҳазор нафар занон ба шуғл фаро гирифта шуданд.
Имсол бошад 40 нафар занони соҳибкор дар заминаи грантҳои президентӣ лоиҳаҳои худро амалӣ намуда истодаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё