Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ба шумо ва хонаводаҳои шумо хотири ҷамъ, рўзгори осуда ва саломативу сарбаландӣ орзу мекунам.
Ид муборак модарони азиз ва хоҳарони меҳрубон!

Ташаккур!
СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ДАР МАҶЛИСИ БОТАНТАНА

БА МУНОСИБАТИ ИДИ

БАЙНАЛХАЛҚИИ ЗАНОН

(8 марти соли 1999)
Модарон ва хоҳарони азиз!

Ифтихорманд ва сарфарозам, ки имрўз, дар арафаи иди зебову рўҳафзои 8-уми март – Иди байналхалқии занон шумо – намояндагони шоистаи занону духтарони шарафманди Ватани азизамонро дар ин толори мўҳташам сарҷамъ мебинам ва дар шахси шумо тамоми занону духтарони иззатманди ҷумҳуриро самимона табрик ва таҳният мегўям.
Иди 8-уми мартро мо ҳар сол бесаброна ва ба ҳаяҷону ҳиссиёти ниҳоят гарм интизор мешавем.
Ин иди фархунда дар баробари моҳияти сиёсиву иҷтимоии худ таърихан маънии амиқи умумибашарӣ низ касб кардааст.
Тамоми таърихи инсоният маҳсули офаридгории зан-модар аст. Бузургтарин шахсиятҳои таърих – арбобони давлату сиёсат, илму фарҳанг, адабиёту ҳунар тарбиятдидаву парваридаи модар будаанд.
Ва агар гардишу ҷараёнҳо, бурду бохт, арзишу дастовардҳои таърихи инсоният бо ному фаъолият ва мероси онҳо алоқаманд бошад, пас дар ин корномаи башарият мақом ва манзалати зан-модар аз ҳама волотар аст.
Таърихи чандҳазорсолаи халқи мо низ занону духтарони шуҷоъ, хирадманд, соҳибзавқу комилистеъдодро бисёр ба майдон овардааст.
Фирдавсии бузург симои Гурдофариди диловарро маҳз дар заминаи хислату сифатҳои миллии модарону хоҳарони мо офарид. Малика Бухорхудот дар душвортарин лаҳзаҳои таърихи халқамон парчами озодиву истиқлолиятро баланд бардошта, халқро ба ҳифзи хоки Ватан ва нангу номуси миллат ҳидоят намуд.
Робиаву Маҳастӣ, Зебуннисову Дилшоду Нодира дар муҳити пурфоҷиаи замонашон доди суханро додаанд.

пешина
аз 127
навбатӣ