Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Модару хоҳарони азиз!

Метавонед боварии комил дошта бошед, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дарназардошти афзалияти қонун ва эътирофи арзишҳои умумибашарӣ барои таъмини ҳуқуқу озодии занон тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.
Сарфи назар аз як қатор мушкилоте, ки ҳанўз мавҷуданд ва дер ё зуд ҳатман бартараф хоҳанд шуд, бояд нақши зан дар зиндагии ҷомеа ҳар чӣ зудтар баланд бардошта шавад.
Ба ин хотир бояд Созмони занони ҷумҳурӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва масъулони кор бо занон дар ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо фаъолияти худро дар ин масъала пурзўр кунанд.
Дар маҳалҳое, ки зарурат бештар аст, занони фаъол, таҳсилкарда ва рўзгордидаро ҳарчӣ васеътар ба ин кор ҷалб намоянд.
Ба занону духтарон, хусусан дар деҳот, бояд фаҳмонда шавад, ки танҳо бо меҳнати аҳлона, таҳсили илму маърифат ва истифодаи оқилона аз дастовардҳои замона зиндагии арзандаро пеш бурдан муаяссар мегардад. Онҳо бояд бовар дошта бошанд, ки зани тоҷик аз қадим то имрўз бо тарбияи фарзандони оқилу баодоб, таъмини муҳити орому обод дар хонавода, меҳмоннавозӣ ва бисёр хислатҳои ҳамидаи худ дар ҳақиқат машҳури олам аст.
Фақат ҳамин анъанаҳои наҷибро инкишоф ва идома дода, мо метавонем Тоҷикистони азизамонро обод гардонем ва ояндаи дурахшони онро таъмин кунем.
Бо умеди ҳамин ояндаи шукуфон ва иштироки ҳарчӣ фаъолтари ҳар кадоми шумо дар кори хайри созандагии кишвар ҳамаатонро бори дигар бо ҷашни фархунда табрик мегўям.

пешина
аз 127
навбатӣ