ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Рисолати модарон дар масъалаи поку беолоиш нигоҳ доштани забон ҳамчун пояи асосии ҳамаи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин шиноснома ва бақову ҳастии миллати мо бузургтар аз ҳар каси дигар аст ва мо итминон дорем, ки занону модарон ин рисолати муқаддасро бо ифтихор анҷом медиҳанд.
Бо ҳамин умеду орзуҳои нек, шумо – модарону хоҳарон ва фарзандони азизро бори дигар ба муносибати ҷашни фархундаатон табрик гуфта, ба ҳар кадоматон тандурустиву саодатмандӣ, бахту иқболи нек ва рўзгори ободу осуда орзумандам.
Идатон муборак бошад, модарон ва хоҳарони азиз!
ПАЁМИ ТАБРИКИИ
ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ
БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОН
(6 марти соли 2009)
Модарону хоҳарони азиз!
Бонувони гиромӣ!
Ҳамаи шуморо ба муносибати иди фархундаи баҳору зебоӣ – 8-уми март аз самими қалб табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломатӣ, рўзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Иди бонувон баробари оғози эҳёи табиат – фасли баҳор фаро мерасад, ки мардумро ба ибтидои пешомадҳои нав, нақшаву тадбирҳои тоза, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва дар маҷмўъ ба ободониву созандагӣ ҳидоят менамояд.
Аслан сиришти занону модарони рўи олам аз покиву зебоӣ, рисолати зиндагисозӣ ва эҳсоси гарму ҷонбахш офарида шудааст. Аз ин рў, мо ин рўзи фараҳбахшро ҳамеша бо хушҳоливу нишоти хоса истиқбол мегирем, зеро нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рўзгор ниҳоят бузург аст.
Гузашта аз ин, зан-модар мураббии аҳли башар ва нахустустоди инсон мебошад. Аз ин лиҳоз, пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ў қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст.
Дар тамоми таърихи тўлонии миллати тоҷик низ рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ, рўҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида ва муҳаббату садоқати бепоёни зан-модар дар осори бузургони гузаштаву муосири тоҷик ситоиш гардидааст.
Занону модарони тоҷик дар баробари ба дунё овардану тарбия кардани фарзанд бо поктинативу инсондўстӣ, нексириштиву фарҳангпарварӣ ва созандагиву заҳматписандӣ дар амри хайри ободонии сарзамини аҷдодиямон саҳми шоиста доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё