КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Дар аксуламали бетарафкуни дар ҷанини мурғҳо имкони тафриқа кардани кишти Chl. prittaci дорад, ки аз мурғҳо, мурғи марҷон, тутиҳо ва кафтарҳо ҷудо кард шудаанд. Аксуламали зардобшиноси хусусан ПК (РСК) бо позотҳои гарми устувор, ба таври васеъ барои бевосита пайдо кардани барангезанда истифода мешавад.
Устуворнокӣ.
Chl. prittaci дар муҳити беруна паст аст, хусусан барангезанда зуд дар ҳолати пусиш вайрон гашта, дар ҳарорати 600С будан дар муддати 10 дақиқа маҳв мегардад. Дар ҳолати хушки 5 ҳафта, дар ҳарорати хона ва рушноии офтоб то 6-ҳафта, дар об 17 рўз, дар ахлоти парандаҳо зиёда аз 4 моҳ нигоҳ дошта мешавад.
Маҳлули фенол (3%), лизол (5%), фармалдегид (2%) барангезандаро баъди 3 соат нобуд месозанд.
Нишонаҳои эпизоотологӣ.
Ба орнитоз ҳамаи намуди парандаҳои ваҳшӣ ва хонагӣ ҳассосанд. Дар шароити табии бештар ба касалии орнитоз, тутиҳо, кабутарҳо, мурғобиҳо, ғозҳо, мурғи марҷон, мурғи фиръавн ва мурғҳои хонагӣ касал мешаванд. Тутиҳо ба касалӣ назар ба дигар парандаҳои хонагӣ бештар гирифтор мешаванд, мурғҳо нисбатан камтар ҳассосанд. Ба орнитоз чуҷаҳо бештар ҳассосанд, назар ба парандаҳои болиғ.
Касал ба осони дар мушҳои сафед, харгушҳо, мири мушон ба амал оварда мешавад. Имкони сирояти эксперименталиро бисёр ҳайвонҳои ширхур доранд.
Манбаи барангезандаи сироят, парандаҳои касал ва хламидияҷудокунҳои бенишона мебошанд. Парандаҳои касалшуда аслан муддати дароз (то 6 моҳ ва зиёд) барангезандаҷудокунанда боқи мемонанд. Парандаи сироятёфта барангезандаро бо роҳҳои нафаскаши дар ҳолати акса задан ва сулфакунӣ, инчунин бо ахлоташон ҷудо мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё