КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Даври афзоиши хламидияҳо наздики 40 соат давом мекунад ва ба пайдоиши калонияҳои хурд, ҷисмчаҳои элементарӣ дар вакуолаи ситоплазмавии ҳуҷайраҳо анҷом меёбад. Ҷисмчаҳои элементариро (телца) дар ситоплазмаи ҳуҷайраҳои зарардида пайдо мекунанд, аммо дар ҳолати вайроншавӣ, на дар ҳуҷайра, онҳо дар шакли дарахти меваи тут, гуруҳҳои хурд, ҷуфт ва бетартиб ҷой мегиранд.
Дар ҳолати услуби охирон рангашон дар молишак, дар оташ мустаҳкам карда шуда ба 10 дақиқа рақиқкуни 1:5 маҳлули руяноби карболӣ, сипас онро рехта ва муддати кутоҳ бо маҳлули 0,5% маҳлули атсиди атсетон таъсир расонида аз сари нав шуста ба маҳлули метилени кабуд, ранг мекунанд. Дар ранги сабзӣ молишак ҷисмчаҳои элементари бо ранги сурхи баланд ранг мешаванд.
Кишти ғайриҳуҷайрагии хламидияҳо кор карда нашудааст. Барои ҳамин дар озмоишгоҳи ташхисӣ, барои алоҳида нигоҳ доштани барангезанда, ҷанини 6-8 рўзаи мурғҳо истифода бурда мешавад, ки дар онҳо хуб мутобиқ гашта, афзоиш ёфта баъди 2-5 рўзи сироятёбӣ марги онҳоро меорад. Ба ин мақсад дар барои гузаронидани озмоиши биологӣ ба мушҳои сафеди сини 3 ҳафта, хукбачаҳои баҳри ва кабутарҳо (ба дохили сифоқ) сироят газаронидан ба мақсад мувофиқ аст.
Афзоиши хламидияҳоро ба воситаи антибиотикҳои таъсирашон фарогирифта (тетрациклин, хлорамфеникол) ва таъсири зиёди пеницилин бозмедоранд.
Chl. Pritaci сохти позотии мураккаб дошта, аз зоту намуд ва позотҳои хоссаи типпи иборат мебошад. Он қобилияти ҷудо намудани заҳрҳои дохилиро дорад. Аз рўи сохти ташхисӣ бештар позотҳои комплиментпайвасткунанда асоси мебошад, ки аз ду компонентҳо иборатанд: грамм устувор, хосса барои зот ва грамм ноустувор хосса барои намуд мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё