Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Иштиҳо дар чуҷаҳо гум шуда камҳаракат мегарданд, дар гирди манбаи гарми ҷамъ мешаванд. Касалӣ аслан бошиддат (1-3 ҳафта) мегузарад. Марговарӣ дар байни чуҷаҳои 1-3 ҳафтаина ба 5-33% мерасад.
Дар чўҷаҳои сини аз якмоҳа калон атсазанӣ, сулфакунӣ, хир-хири хушк, дар баъзе ҳолатҳо резиши моеъ аз бини мушоҳидада мегардадад. Касал 5-10 рўз тул кашада чўҷаҳо аз афзоиш мемонанд.

2.Касалоти узвҳои барқароршавӣ Дар парандаҳои болиғ нишонаҳои сарирӣ ғайрихосаанд (Илтиҳоби пардаҳои луобии бини, илтиҳоби мултаҳима дар парандаҳои алоҳида нафаскашӣ мушкил мегардад).
Аз 7-ум то 14-ум рўзӣ касал ва дар ҳама давраи касал, тухмгузорӣ кам мешавад, (ва дар 21-28-ум рўз худ аз худ барқарор мегардад).

3.Нишонаҳои нефриту нефрозӣ Баъзан кишти вируси бронхит - илтиҳоби найчаҳои шуш (Холт, Грей) метавонанд дар ду ҳафтаи аввали касал, касалии гурдаҳо ва найчаҳои пешоброн бо ҷамъ шудани сангҳоро ба амал орад. Дар ин ҳолатҳо аслан дар парандаҳои касал бо дарунравӣ, омехтаи сангҳо дар ахлот (ҷараёни касал бо шиддат) мушоҳида мешавад. Дар аввали эпизоотия бештар нишонаҳои наонқадар аниқи роҳҳои нафаскашӣ дида мешавад.
Дар ҳолати даврзании аввали вирус дар хоҷагӣ марговарии парандаҳо ҳангоми ба шакли эпизоотия гузариши касал ба 57-70% мерасад.

Тағйиротҳои ташреҳию амрозӣ.
Нишонаҳои сарири дар чуҷаҳои мурда наонқадар хос мебошанд. Баъзан дар онҳо кабудшавии тоҷ, ва қисми болои устағони сар дида мешавад. Дар чуҷаҳо хуншораҳо дар пардаҳои луобии бини, хирной ва ҷмъшавии рашҳаи зардобӣ ва зардобию луобӣ мушоҳида мегардад.

пешина
аз 95
навбатӣ