КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Нишонаҳои эпизоотологӣ.
Дар шароити табии ба вируси илтиҳоби сироятии найчаҳои шуш мурғҳои тамоми сину сол ҳассос буда ба таври таҷрибавӣ имкони сироятгузаронӣ ба кабутарҳо, харгўшбачаҳо, мушҳои парвозкунанда вуҷуд дорад. Дар ҳолати алоқа бо мурғҳои касал будонаҳои ҷанинӣ сироят меёбад.
Манбаи барангезандаи сироят мурғҳои касал ва касалшуда мебошанд, ки вирусро аз худ ба муддати 3 моҳ бо оби чашмҳо, бини, ахлот ва тухм ҷудо мекунанд.
Подтанҳои вирусбетарафкунанда то 12 моҳ баъди касал шудан пайдо карда мешаванд. Касал дорои баландсирояткунандагӣ мебошад. Гузаштани вирус бо воситаи ҳаво дар ҳолати ворид шудани вирус ба хоҷагиҳои устувор бо тарзи (аэрогнӣ) ҳаво, сироятгузароии ҳамаи саршумор ба амал меояд. Дар муддати як сол баъди алангаи касал манбаи эпизоотологӣ аслан доими мегардад.
Дар парандаҳои касалиашон бо таври ниҳонӣ гузаранда, ҳасонати нофаол бо тарзи трансвариалӣ ба наслашон мегузаронад. Ба дараҷаи сироятёбӣ ва паҳншавии касал консентратсияи парандаҳо ба синну соли онҳо, ҳолати иқлими хурд ва сифати хўрокдиҳӣ, моякубӣ бо ваксинаҳои зинда таъсир мерасонад. Аз тухми парандаҳои касал вирусро ҷудо намудан баъди 2-43 рўзи саршавии касал имкон дорад. Дар хоҷагиҳои парандапарварӣ ба ин касал, яъне илтиҳоби сироятии найчаҳои шуш ноустувории парандаҳо аз ҳад зиёди ҳассосӣ ва ба барангезандаҳои дигар касалҳои сирояткунанда (колибактериоз, газаки ҳалқу хирной, микоплазмози роҳҳои нафаскашӣ ва ғ.) сироятпазир мегарданд. Касал бо пастшавии маҳсулнокии тухмгузорӣ дар мурғҳо (зиёда 50%) новобаста аз дараҷаи тухмгузор ба амал меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё