Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
— Эй Ёрух, он чӣ мегӯӣ, рост аст, ки шодӣ хӯрдаӣ, ё дурӯғ мегӯӣ ва танз мезанӣ ва мехоҳӣ Самак дар дом оварӣ?
Ёрух гуфт:
— Эй модар, зинҳор то ин нагӯӣ ва ин гумон набарӣ, ки мардон дурӯғ нагӯянд. Ман рафиқу хизматгори ваям ва чун ба хизмати вай расам, то ҷон дорам, бандагиву хизмати вай кунам. Чаро ту чунин сухан ба ман гӯӣ?
Модараш гуфт:
— Савганд хӯр, ки он чӣ ту мегӯӣ, рост аст ва дурӯғ нест ва дар дил хиёнат надорӣ, то дили ман аз ту хуш бошад.
Гуфт:
— Эй модар, ҳаромзода бошад, ки дурӯғ гӯяд ва ту донӣ, ки ман дурӯғ нагӯям ва ҳаромзода набушам.
Дар пеши модар савганд хӯрд ба яздони додори кирдигор ва ба нуру нор, ки он чӣ вай мегӯяд, рост аст ва хиёнат дар дил надорад ва низ рафиқи Самак аст.
Самак дар пеши дар истода буд ва мешунид. Дар боз кард ва берун омад ва салом гуфт. Ёрух нигоҳ кард, Самакро дид. Агарчӣ ӯро надида буд, ба ҷой овард, ки Самак аст. Бархост ва хизмат кард ва дар пои Самак афтод.
Самак гуфт:
— Агар хостӣ, ба хизмати ту омадаме, то бигӯнам, то чӣ дар дил дорӣ.
Ёрух гуфт:
— Эй паҳлавон, дар ҷаҳон номи айёрии ту фош гашта ва корҳое, ки ту мекунӣ. Аз барои яздон ба фарёди ман рас, чун маро бародар хондӣ; ки маро коре пеш омадааст ва то бад-ин ғоят бо модари худ нагуфтам, ки чораи ин кор аз ту барояд. Дилам дар банди шахсе бимондааст ва ӯ хазинадори Моҳона аст — духтари шоҳ. Ман аз ишқи ӯ беқарорам ва бетокату мутаҳаййир ва ин кори ту бошад, ки ӯро ба ман расонӣ.
Самак бо хештан гуфт: «Ин чӣ меҳнат аст, ки ҳар кӣ пеши ман ояд, дили вай дар банде гирифтор аст ва ба икола¹ мубтало гаштааст ва ин конда пухуст Хуршедшоҳ афканд». Пас гуфт:
— Эй ҷавон, ишқи ту бо ӯ чун афтод?
¹ Икола — банд, кишан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё