Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

гуфт: «Эй дареғо, ки ранҷи мо барбод омад». Хост, ки чорае созад. Нигоҳ кард, Хурмузи Келро дид ва Шарвони Ҳалабӣ ва Сурхи Марғазпро. Хуррам шуд. Гуфтанд:
— Эй паҳлавонон, ошност. Манам Самаки айёр, бандан Хуршедшоҳ.
Ишон нигоҳ карданд, Самакро диданд. Пеш бозомаданд ва гуфтанд:
— Эй паҳлавон, ин ду-се тан кистанд?
Самак гуфт:
— Ин ҳар ду бародарони мананд ва ин — Сурхи Кофар аст, ки чун ба талаби Маҳпарӣ рафта будам ёрони ман ин бурдааст. Шумо ба чӣ кор бад-ин ҷо омадед?
Хурмузи Кел гуфт:
— Моро иқболи шоҳ бад-ин кор дошту ҳиммати ту. Ба ҳукми тамошо бар ин канор омадем, то магар сайде ба даст оварем. Бад-ин мақом омадем ва ҳеҷ сайде беҳтар аз ин нест, ки туро дидем.
Пас гуфтанд:
— Бар аспон нишинед, то биравем.
Самак гуфт:
— Сандук дар пеш гир, то биравем.
Шарвони Ҳалабӣ сандук дар пеш гирифт ва ишон ҳар се пиёда. Сурхи Кофарро полҳанг дар гардан карданд ва даст баста меоварданд ва даҳони вай биёканда, то сухан нагӯяд. Рӯй ба лашкаргоҳ ниҳоданд.
Чун субҳ даромад ва шоҳзода бар тахт баромад, паҳлавонон ба хизмат омаданд, ки ногоҳ Самак аз дари боргоҳ даромад ва хизмат кард. Чун шоҳ Самакро бидид, қиём кард. Ҷумлаи умарон давлат бархостанд. Самак дар замин афтоду хизмат кард ва гуфт:
— Эй шоҳзода, ин чӣ банданавозист, ки мефармон? Самак кӣ бошад, ки чун ту подшоҳе қиёми ин банда кунад? Акнун аз подшоҳин ту ин сазад.
Шоҳзода гуфт:
— Эй Самак, ту манӣ ва ман ту.
Дигар бор Самак бар замин афтод ва замин бӯс кард, то шоҳ ӯро бинавохт ва пеши худ бинишонд. Гуфт:
— Эй паҳлавон, аз куҷо меоӣ ва чӣ кардӣ?
Гуфт:
— Эй шоҳ, ба иқболи ту рафтам ва он касро, ки Сурхварду Оташаку Пили Санҷонӣ ва ду бародарони

пешина
аз 283
навбатӣ