Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Маслаҳат нест, то бингарем, ки чӣ месозанд. Бо-шад ки касе хабар оварад, бар азми кор бояд буд ва низ нома нависем ба Фағфуршоҳ ва аҳвол бознамоем ва ин кор маълуми вай гардонем.

Ҷумлаи паҳлавонон ғамгин, то Ҳомони вазир нома навишт ва он чӣ бар сари ишон гузашта буд, шарҳ дод, то бад-ин ҷой, ки:

«...ишонро ба ҳам супурдем. Ҳам дар зери замин нақб буриданд ва ишонро бурданд. Кори азим афтод ва мо бар он кор саргардон шудем ва бе шоҳ дармонда. Сипоҳ хостанд, ки худро бар лашкари душман зананд ва бад ин кина ишонро қаҳр гардо-нанд. Маслаҳат набуд. Гуфтам то бингарам, ки аҳ-воли ишон дар дасти душман ба чӣ хоҳад расидан. Маълуми шоҳ гардондем, то моро дар ин ғам ёрӣ ди-ҳад».

Чун нома тамом кард ва мӯҳр барниҳод, ба дасти Су-раи Ҳалабӣ дод ва ба Фағфур фиристод ва дари ҷанг дарбастанд, то бингаранд, ки аҳвол чӣ гуна хоҳад буд.

Мо омадем ба ҳадиси Хуршедшоҳу Маҳпарӣ, ки аҳ-воли ишон ба чӣ расид. Ровӣ мегӯяд, ки Арманшоҳ Тай-рокро ба шаҳр фиристод ва дар сарои шоҳ ба шароб хӯр-дан биншаст, то шаб дарояд ва бандиёнро ба қалъа ба-рад.

Лоло Анбар маълум кард, ки Хуршедшоҳ ва Маҳпа-риро овардаанд ва Тайроқ бад-он омадааст, ки ишонро ба қалъа барад. Ғамнок шуд ва ларза бар андоми вай афтод. Бо худ гуфт: «Агар хомӯш бошам то ишонро би-баранд, чӣ гуна ишонро боздаст тавонам овардан? Лаш-кари ҳамаи ҷаҳон бо он қалъа ҳеҷ ба даст надоранд». Дарҳол бархост ва ба дари сарои ду бародарони қассобромад ва дар бизад ва ба андарун рафт. Самак бо дига-рон ба шароб хӯрдан машғул буданд. Лоло кулоҳ бар замин зад ва гуфт:

— Оташ дар ҷаҳон афтодааст, эй паҳлавон, ва ту ба шароб хӯрдан машғулӣ.

Самак чун девонае бархост ва гуфт:

— Чӣ будааст?

Лоло гуфт:

— Аз ин бадтар чӣ хоҳӣ? Хуршедшоҳу Маҳпариро овардаанд ба сарои шоҳ ва Тайроқ омадааст, ки ишон-ро ба қалъаи Дувоздаҳдара барад.

пешина
аз 283
навбатӣ