Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
сохта ва шароб мехӯрданд ва бозӣ мекарданд, то рӯзи равшан бирафт ва рахти шаб дароварданд.
Хуршедшоҳ шароб мехӯрд. Гуфтанд:
— Эй шоҳзода, вақти хилват омад.
Мулкдори соҳибкалам бархост, ки валиаҳди шоҳ ФАГ-фур буд, дасти Хуршедшоҳ бигирифт то ба дари хайма бадар омад, ки Маҳпарӣ дар он хайма буд. Ва Ҳомони вазиру Мулкдор ба хайма даромаданд. Машшотагон ни-шаста буданд ва Маҳпариро меоростанд ва никоб ба рух-сори ӯ фуру гузошта, то Мулкдор биёмад ва дасти Маҳ-пари бигирифту дар дасти Хуршедшоҳ ниҳод, бад-он ойин ки ишонро буд, ба ҳам расонид.
Шоҳзода қабул кард. Пас хост, то Маҳпариро никоб барандозад. Мулкдор гуфт:
— Эй шоҳ, Маҳпарӣ ширбаҳо мехоҳад, то дидор бин-мояд.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Эй Мулкдор, сесад ҳазор динор Ҳомони вазир аз пеши падари ман овардааст, ба ширбаҳо ба вай додаам, чунон ки аз он ҳеҷ ба харҷи худу лашкари худ накар-даям. Ҷумла ба вай додам. Моро чандон мол аз қалъаи Фалакӣ овардаанд, ки даҳ сол харҷи ҳамаи лашкар бо-шад, на дигар аз вилояти падар бирасад.
Мулкдор гуфт:
— Эй шоҳ, духтар мол намехоҳад, ки агар моли ҳа-ман олам аз они ӯст, ҷумла аз они шоҳ аст. Духтар ме-хоҳад, ки аҳд бибандӣ, ки то Маҳпарӣ зани ту бошад, бо ҳеҷ офаридан дигар мубошарат накунӣ ва ӯро рашк на-фармой, натавонад дидан.
Хуршедшоҳ аҳд кард ва савганд хӯрд, ки «то Маҳпа-рӣ зани ман бошад, ҳеҷ зани дигар накунам».
Чун шоҳ савганд хӯрд, Ҳомони вазир бифармуд, то хайма холӣ карданд, магар зани Мулкдор, ки дар поён тахт мебуд, чунон ки одат бошад, ки чун домоду арӯс дар хаҷла¹ раванд, доя дар хаҷла мебошад, то чун до-мод бар арӯс пайвандад, он соат чулоб дар гулӯи ишон резад.
Пас шоҳ маст буд, сар бар канори Маҳпарӣ ниҳод ва дар хоб шуд. Зани Мулкдор низ бар дари хайма биҳуфт ва дар хоб шуд.
Хотуру Қонун ва Кофур чун донистанд, ки ҳама ором
¹ Хаҷла — хобгоҳи арӯсу домод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё