Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Самак чун ин сухан бишинид, фарёд аз ниҳоди вай баромад ва саросема шуд. Гуфт:
— Эй лоло, чӣ мегӯӣ? Ишонро чӣ гуна овардаанд?
Лоло гуфт:
— Ҳотуру Копун ва Кофур пакм буриданд ва ишонро аз зери замин биёварданд.
Самаки айёр гуфт:
— Эй лоло, тадбири ин кор чист ва чӣ чора созем?
Лоло гуфт:
— Ман ҳеч чораву тадбир надонам. Бар ту омадам ва аҳвол чунон ки буд, гуфтам, то чора кунӣ, пеш аз он ки шаб дарояд ва ишонро бибаранд.
Самак сар дар пеш афканд, соате буд. Сар бароварда гуфт:
— Эй лоло, маро ба сарои шоҳ тавонӣ бурд?
Лоло гуфт:
— Ба рӯзи равшан чӣ гуна тавонам бурд?
Самак гуфт:
— Лоло, ба сурати занон ба чодару мӯза.
Лоло гуфт:
— Чунин тавонам бурдан. Агар ду-се тан бошад, бибарам.
Самак гуфт:
— Нек омад.
Ду зани бародарони кассобу канизак ва Собиру Самлод — ҳама чодару мӯза пӯшиданд. Ба лоло гуфтанд:
— Моро бар зани Арманшоҳ бар. Агар зани шоҳ гӯяд, ки «Кистанд?», ту бигӯй, ки «Зани маъруфони 1 шаҳранд ва бад-он омадаанд, ки малика дархост кунад аз шоҳ ва шафоат 2 кунад, магар шоҳ чизе аз шаҳр мехоҳад».
Лоло гуфт:
— Чунин кунам. — Пеш истод ва чавгон 3 дар даст гирифт ва мардумонро дур мекард, то ба сарой рафт, пеши зани шоҳ Моҳсутун ва духтари шоҳ Моҳона. Хизмат кард ишонро аз дур истода.
Зани шоҳ гуфт:
— Инҳо кистанд?
Лоло гуфт:

1 Маъруфон — калоншавандагон, обрӯмандон;
2 Шафоат — восита шудан дар коре, илтимос кардан;
3 Чавгон — чӯбдаст.

пешина
аз 283
навбатӣ