Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
— Эй паҳлавон, шоҳзодаи чолок мефармояд, ки агар номае дорӣ, биёр ва агар пайғом дорӣ, бигузор.
Татома ба пой баромад ва хизмат кард. Нуҷуст бифармуд, то он чолтоки оварда буд, ба боргоҳ оварданд ва арз карданд. Патома берун карду бӯса дод ва бар канори тахти Хуршедшоҳ биниҳод. Шоҳ нома бар гирифту ба дасти Ҳомони вазир дод, то муҳр баргирифту бархонд ва маънии нома бо шоҳ бигуфт. Шоҳи Хуршедшоҳ рӯй ба Татома кард, гуфт:
— Сиёҳабр аз Фаррухрӯзи ман беҳтар аст, ки ӯро дар баробари ман оварданд ва Киҷматилик ӯро сар аз тан ҷудо карду ба хорӣ ӯро гардан зад? Ба надони додори кирдигор, ки ба ҳар мӯе, ки бар сари Фаррухрӯз буд, якеро қатл кунам, агар чӣ ҳам ба ин аз ин Фаррухрӯзӣ ман набувад.
Татома бархост ва хизмат кард, гуфт:
— Эй шоҳ, тундӣ макун, ки Сиёҳабр маҳҷул нест.
Асилзода аст ва ӯро хунихоҳ Дабури дагир аст, ки аз машриқ то ба мағриб имрӯз ба паҳлавонӣ ӯ мард нест.
Агар қавли маро бишнавӣ, даст аз ин кор бидор, ки туро беҳтар бошад.
Хуршедшоҳ тира шуд. Гуфт:
— Агар на он будӣ, ки ту расулӣ, бифармудаме, то нуҷуст туро гардан бизаданди, ки чунин худро ситоиш мекунӣ ва таъзим мениҳед, ки ин маҳҷул нест Фаррухрӯз маҳҷул буд, то Сиёҳабр асилзода аст?
Пас бифармуд, то Сиёҳабру Сурхи Кофарро биёваранд, дастҳо бозпас баста ва полҳанг дар гардан карда.
Сиёҳабр чун даромад, салом нагуфт ва хизмат инкорӣ ва бар ҷой бинишаст. Хуршедшоҳро хашм омад. Хуршедшоҳ гуфт:
— Эй Сиёҳабр, номи ту бар сари ту ҳаймаи идбор задааст ва аҷал номи ту бар ҷони ту камин сохтааст.
Дар пеши тахти чун ман подшоҳе чунин адаб нигоҳ дорӣ? Ва хизмат накунӣ ву салом нагӯӣ ва саломат нагарию биҷӯй бинишинӣ?
Сиёҳабр гуфт:
— Эй шоҳ, ин суханҳо манамоӣ, ки ду хислат дар ин пор даст яке он ки салом накардам аз баҳри он, ки салом саломатӣ бошад ва ман дар ин ҷойгоҳ ҳеҷ саломатӣ намебинам. Маро ба ҷон сиёҳсат оварданд. Ва яке он ки

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо