Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шаҳ гуфт:
— Бале. Чуи ба савлат бирафти, ишон паҳ бирафтанд.
Самак дилтанг шуд, фурӯ монд. Гуфт:
— Дареғо. Надонистам, ки ҳоли ишон ба чӣ расид. Аз байн метарсам. Набояд, ки сӯхт ишопро қаҳр карда бошад, ки зангин мардумхӯр аст. — Пас гуфт: — Эй шоҳ, ман аз гуфтан худ берун омадам. Ман ба талаби Шаҳоду Рузафзун меравам, ки ман агар ҳаққи ишон нашиносам, ҳаққи ҳеҷ кас нашиносам.
Ин бигуфту рӯй ба роҳ ниҳод ва бирафт.
Он ҷойгоҳ Моҳонаву Маҳпарӣ бо ҳам нишаста буданд. Моҳона гуфт:
— Эй малика, чуи Самак маро меовард, бо ман ваъда кард, ки чуи ба лашкаргоҳ равам, туро пеши падар фиристам, ки шоҳи ҷаҳон Хуршедшоҳ аз падарам бар худ гирифта аст, ки маро ба ишон расона. Агар чӣ маро хӯш аст, аммо мехоҳам, ки рӯи падару бародар бибинам ва бо ишон таъзияти модар бидорам. Ин сухан дар хилвати ту гуфтам, агар чӣ мардон дурӯғ нагӯянд. Хосса ҷавонмарде чун Самак ваъда бар хилоф накунад.
Маҳпарӣ гуфт:
— Самак дурӯғ нагӯяд. Ҳар чӣ Самак кунад, мо кардем.

Маҳпарӣ Хуршедшоҳро битонд. Чуи биёмад, аҳволи Моҳона бигуфт. Ӯ ин тавр гуфт, сухани ӯву Самак нест:
«Ҳар чӣ морост, фармони вай аст. Дар фармон ҷудоӣ нест». Бифармуд, то Маҳпарӣ дасте ҷомаи хуб дар ван пӯшонид. Маҳде савхаринигор бисохтанд ва дар он ҷо нишонданд ва ба тартибе некӯ даҳ мард аз хоссагии ӯ хул номзад кард, то бо вай биравад. Лоло Салоҳро гуфт, то
— Бо ишон бирав ва чуи пеши Арманшоҳ расӣ, ӣн гӯӣ, ки «Он чӣ мо гуфтем, ба ҷой овардем ва духтар бе ранҷ ба ту расонидем, агар чӣ ту паҳлавон фиристода будӣ. Агар аз ҷунон мардон коре бармеомадӣ, Сурин Қофар худ ин кор накарай. Бояд, ки акнун духтари хеш нигоҳ дорӣ»
Лоло Салоҳ гуфт:
— Фармонбардорам.
Рӯй ба роҳ ниҳод, то ба лашкаргоҳ расид. Талоягон ишопро бидиданд. Пеш бишмалакд, ки.

1 Лоло... заднетора, ки чуи дар ванифан тарбиии пӯдангири
дар ӯҳда дорад

пешина
аз 283
навбатӣ