Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Эй малика, лашкар аз пеши падарат омаданд, то маро бигиранд. Ман рафтам қавмеро куштам, боқӣ ба хизмат кардам. Ту як донӣ охир, ки бо ман ҳеҷ ба даст надоранд. Ва агар ба сахтӣ расад, санге калон дар роҳ афканам, то ҳеҷ кас натавонад гузаштан. Худ ин ҷо ӯмину осуда бошам. Пас аз ин худро темор дор, ки бо ман мояд. Чун дидӣ, акнун даст ба ман деҳ ва ма- ро беш аз ин дар ғам мадор, то муродат барорам ва ин банд аз ту бардорам, ки маро нохуш меояд. Ва рӯзгор бо ҳам ба коми дил бигузаронем.

Моҳона гуфт:
— Эй паҳлавон, рост мегӯӣ. Донам, ки бо ту монда- ам. Аммо муроде дорам. Бо ту намегуфтам, акнун бо ту бигӯям. Агар хоҳӣ муроди ту бидиҳам ва зиндагонӣ ба хушдилӣ бигузаронем, коре бикун, ки бисёр дар хоб мебинам, ки Самак маро мебурду бар-баст, бад-он ан- деша, ки биёяду маро бибарад. Ҳар он гоҳ ки андеша ку- нам ва бо ту хуш бошам, маро Самак дар дил меояд. Чунон ки аз хештан бехабар мегардам. Магар сари Са- мак биёпарӣ, то ман ором гирам ва ба коми дили ту бо- шам.

Сурхи Кофар гуфт:
— Эй малика, кори ман нест сари Самак овардан, ки ман бо вай барнамсоям.

Моҳона гуфт:
— Марде бар ин азимӣ, ки туӣ ва паҳлавонӣ дорӣ, Самак марде заиф, ҳакир; агар чунон бошад, ки дасте бар вай занӣ, ӯро бар замин ҳамвор кунӣ.

Сурхи Кофар гуфт:
— Ӯ ҳеҷ кор ба рӯз намекунад, ки марде айёру мак- кор аст, ба ҳилат мардонро баста кунад. Дар баробар намесояд. Пинҳон корҳо мекунад. Аммо донам, ки бар ин ҷойгоҳ натавонад омадан. Агар биёяд, он чи муроди ту бошад, бо вай бикунам. Агар андеша мекунӣ, бира- вам ва санге гарон дар роҳ афканам, ки бод дар ин роҳ натавонад омадан. Ту хуш бош. Бо ин ҳама аз баҳри дили ту тавонистаме рафтан, ки ба ҷора [ва] мардӣ биё- вардаме. Аммо туро танҳо дар ин маком чӣ гуна раҳо кунам.

Моҳона гуфт:
— Чун чунин аст, даҳ рӯз аз ту замон хоҳам, то маро дил биҷромад, ки ҳанӯз шӯридаам.

Сурхи Кофар гуфт:

пешина
аз 283
навбатӣ