Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
— Эй Самак, Рӯзафзунро бозхон. Набояд, ки хатое афтад.
Рӯзафзун чун ин бишунид, ӯро сахт омад. Гуфт:
— Эй паҳлавон, бозгардам. Аммо ту агар мардӣ, бо вай масоф кун.
Рӯзафзун бозгашт. Самак бар ҷои истода ва ҳеҷ наметавонист гуфт. Шагол гуфт:
— Эй Самак, чаро бозмондаи?
Самак гуфт:
— Эй устод, нашунидӣ, ки Рӯзафзун чӣ гуфт? Маро ба дасти хун боздод ва гуфт: «Агар мардӣ, бо вай масоф кун». Ман аз майдон чӣ донам? Ва агар бозгардам, то ҷовид номзиште бошам ва номи худ ба номардӣ ниҳода бошам.
Рӯзафзун пиёда гашту Самак савор шуд. Рӯй дар майдон ниҳод, то пеши Даванд омад. Даванд дар вай нигоҳ кард, марде бадон ҳақирӣ силоҳи пиёдагон пӯшида. Гуфт:
— Ту кистӣ, ки дар майдон омадӣ ва чаро ӯро бозгардонидӣ? Бозгард, ки аз ман оҷиз гаштан набояд. Агар туро як мушт бизанам, бар замин пахш шавӣ.
Самак гуфт:
— Агар ман майдорӣ донистаме, бо ту даровехтаме. Аммо агар ту чунин қавипанҷай, панҷа биёвар ва дар панҷаи ман бияфкан, то биёзмоем, то киро қувват бештар аст.
Даванд бихандид, даст фароз кард, то панҷаи Самак бигирад. Самак гуфт:
— Эй паҳлавон, бидон ва огоҳ бош, ки аз пушти асп қувват нашояд кард. Агар хоҳӣ, пиёда гардем.
Даванди паҳлавон сухан аз вай ба танз мегирифт.
Пиёда гашт. Самак низ пиёда гашт. Гуфт:
— Биёвар.
Даванд даст фароз пеш кард. Самак дасти чап фароз пеш дошт. Даванд гумон бурд, ки рост аст. Гуфт:
«Ӯро даст бигирам ва бияндозам. Ин худ кӣ бошад» — Панҷа дар панҷаи Самак афканд, то қувват кунад, ки Самак дасти рост бозпас бурд ва дашна аз камар баркашид ва бизад бар паҳлуи вай чунон ки бо даста дар шиками вай афтод. Даванд дарҳол бияфтод. Самак дарҳол пой ба асп андар овард ва чун бод рӯй ба лаш- .
1 Т а н з — таъна, истеҳзо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё