Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ва ба хоб машғул шуд. Аммо чун он шаб рӯз гардид ва духтари шоҳ Ғаффур — Маҳпарии дилрабо аз хоб бедор шуд, шоҳзодаи Дилафрӯзномро бедор кард ва гуфт:
— Бархез, ки мутрибон чунин хоб накунанд ва боз сӯҳбат оростанд ва боз лола ва канизакон омаданд ва сӯҳбат гарм шуд ва бода дар гардиш даромад ва шоҳзода барбат бар канор ниҳод ва ин ғазал бунёд кард:
Хуш мевазад ба бад-ин дилам ин боди навбаҳор,
Машҳуд мешаванд ҳама ошиқони зор.
Гӯй ки бӯи ёри ман аст ин ба вақти субҳ,
З-он ваҷҳ мешавад дили девона беқарор.
Дар боғу бӯстон чу раёҳину гул шукуфт,
Беҳуш гашт булбулу афғон кунад ҳазор.

Чун шоҳзода ин ғазал тамом кард, фиғон аз маҷлис баромад. Духтари шоҳ чунон шуд, ки худро фаромӯш кард. Бонги нӯшонӯш баромад ва ҳеҷ кас ёди доя накарданд, ки ӯ ду рӯз ва се рӯз ва даҳ рӯз ғоиб мешуд ва боз пайдо меомад; ва дар сӯҳбат Рӯҳафзо низ омада буд ва сӯҳбат гарм шуда.

Аммо ровии достон чунин ривоят мекунад, ки аз он ҷониб Шағол ва Самаки айёр дояи маккорро бардоштанд ва ба хона оварданд ва банд бар даст ва пои ӯ ниҳоданд. Чун рӯз шуд ва доя чашмро боз кард ва худро баста дид, Шағол ва Самак ва айёронро дид, пурсид, ки:
— Маро кӣ барбастааст?
Гуфтанд, ки:
— Сарви сухангӯй барбастааст.
Доя гуфт, ки:
— Ин чӣ сухан аст? Он ҳилате буд, ки ман карда будам.
Баъд аз он Самак гуфт:
— Фаррухрӯзи Хуршедшоҳ номро куҷо бурди?
Гуфт:
— Касе инро аз ман напурсад.
Шағол ва Самак дояро дар зери чӯб гирифтанд ва чаҳормех карданд ва ӯ чӯб мехӯрд ва иқрор намекард.

Мо бозомадем бар сари қисса ва достони шоҳзода Хуршедшоҳ. Ибни Абулқосим ривоят кунад, ки чун духтари шоҳ он рӯз сӯҳбат дошт, чун шаб шуд, боз Рӯҳафзо дасти

пешина
аз 290
навбатӣ