Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дилбар ба рухи дилкашу чашми ноиб
Шатраҳчи дағо бохта бо ман доим,
Чун асп фурӯронд, ки шоҳ, мот кунад,
Рух бар рухи ӯ ниҳодаму шуд қоим.

Духтари шоҳро бағоят хуш омад ва бифармуд, то канизакон ҳар касе ба ҷое рафтан ва лоло Солеҳро фармуд, ки:
— Дарро нигоҳ дор ва касеро магзор, ки бо «Дилафрӯз» ва доя ба хилват машғул шавем.
Лоло бадар рафту эшон ба сӯҳбат машғул шуданд. Шоҳзода гуфт: «Эй дил, вақти кор аст».
Баъд аз он ки шаробе чанд бихӯрданд, доруи беҳушӣ дар пиёла карда ба хӯрди духтар ва доя дод. Ҳарду бияфтоданд.
Шоҳзода бархост ва хост дояро бикушад ва коми худро гирифта биравад, боз инони худро кашида дошт ва дояро барбасту бар дӯш гирифт ва дар боғ даромад, ба пои девор расид. Дояро дар каманд баст ва худ ба болои девор баромад ва дояро боло кашид ва аз он тараф фуруд омад ва рӯ ба хонаи ҷавонмардон ниҳод.
Аз қазои илоҳ дар он шаби сиёҳ ногоҳ нигоҳ кард ва ду танро дид, битарсид ва роҳ бигардонид. Он ду тан сари роҳи ӯ бигирифтанд ва наъра заданд, ки: «Ҳей, кистӣ?». Шоҳзода овози эшонро бишунид, бишинохт. Он ду марди диловар яке Шағоли Пилзӯр буд ва дигаре Самаки айёр.
Гуфт:
— Эй озодамардон, касе бар дӯстони худ чунин бонг назанад. Манам Хуршедшоҳи «Дилафрӯз».
Шағол ва Самаки айёр ҳар ду шодмона шуданд ва пеши шоҳзода давиданд ва ӯро дар канор гирифтанд ва аҳвол пурсиданд ва гуфтанд:
— Ин чист, ки бар дӯш дорӣ?
Шоҳзода гуфт:
— Ин дояи малъуна аст, ки овардамаш. Аҳвол аз аввал то охир ҳар чӣ бар сари ӯ гузашта буд, бознамуд.
Эшон аз овардани дояи ҷоду бағоят хурраму шодмон шуданд ва бар Хуршедшоҳ офарин карданд ва гуфтанд, ки:
— Мардона рафтӣ ва коре кардӣ, ки ҳамаи айёрон дар ин кор оҷиз буданд. Акнун дояро ба мо бидеҳ ва ту бозгард, ки фардо туро аз Рӯҳафзо талаб доранд ва дигар, бошад, ки аз Фаррухрӯз хабаре биёбӣ.
Шоҳзода дояро бад-эшон дод ва худ бозгашт. Ҳам бад-он роҳе, ки омада буд, бозгардид ва ба ҷои худ омад

пешина
аз 290
навбатӣ