Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
худ қарор гирифтанд. Ғуломи ҳабашӣ дар майдон даромад, монанди кӯҳпорае, тунбони чармин пӯшида ва дар майдон биистод. Аз он тараф Хуршедшоҳ низ дар майдон даромад монанди сарве. Ва ҳамаи халоиқ дар ҷамоли Хуршедшоҳ ҳайрон монда буданд ва аз ӯ дареғ мехӯрданд ва лаънат бар доя мекарданд. Хуршедшоҳ чун баробари Сиёҳ расид, бонг бар Сиёҳ зад ва ба Сиёҳ дар омад ва Сиёҳ низ чун деве ба шоҳзода дар омад ва ҳар ду боҳам баровехтанд. Шоҳзода дар омад ва даст дар миёни ҳар ду пои Сиёҳ зад ва Сиёҳро аз рӯи замин даррабуд ва аз болои сар баровард ва бизад амчунон бар замин, ки пушт ва гардан ва миёни Сиёҳ хурд бишкаст. Хурӯш аз халоиқ баромад. Шоҳзода Хуршедшоҳ давид ва дасти шоҳро бибӯсид. Фағфур рӯи шоҳзода бӯса дод ва хилъат пӯшонид ва доя ҳиҷолат хӯрда духтарро бардошт ва ба ҷои худ рафт.
Халоиқ дуо бар ҷони шоҳзода мекарданд ва ҳар касе рӯ ба хонаҳо ниҳоданд, то он шаб ба рӯи равшан мубаддал шуд.
Фағфуршоҳ бифармуд, то боргоҳи ӯро биёростанд. Ва Фағфур бар тахти заррин нишаст. Фиристод, Хуршедшоҳро талабид. Хуршедшоҳ ҷомаи Фаррухрӯзро пӯшид ва Фаррухрӯз ҷомаи шоҳӣ дар бар кард ва ба маҷлиси Фағфур даромад ва ба ҷои худ нишаст. Дояи малъуна бо духтар низ биёмаданд. Баъд аз он доя ба хашм ва ғазаб рӯ дар Фаррухрӯз кард ва гуфт:
— Биё ва бигӯ, ки сарви сухангӯй кист ва нишони вай чист?
Фағфур ва Меҳрони вазир дар гуфтори доя ҳайрон монданд. Ва Фаррухрӯз гуфт:
— Эй доя, ин масъала нест, ин ҳилатест, агар масъала будӣ, ҷавоб гуфтаме. Чун ҳилатест, се рӯз мӯҳлат деҳ, то бигӯям.
Доя гуфт, ки:
— Мӯҳлат нест, мӯҳлат чӣ бошад?
Ин бигуфт ва пой бар сари тахт ниҳод ва Фаррухрӯзро даррабуд ва ба хонаи худ бурд ва духтар низ дар қафои доя берун омад.
Нафир ва ғавғо аз халоиқ баромад аз барои шоҳзода
ва шоҳ низ малул шуд. Хуршедшоҳ малул ва парешонхотир ба мақоми худ омад ва бо ёрон ба мотами бародар
биншаст. То чанд рӯз бар ин баромад. Баъд аз чанд рӯз
Хуршедшоҳ бархосту ба бозори баззозон омад ва ба дуккони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё