Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Бингарам, ки он духтар ҳаст, ки ба нигин нақш кардааст номи ӯ». Ин андеша бикард ва чашм дар роҳ ниҳод, ки ногоҳ ходимон даромаданд ва канизакон дар қафои ходимон ва доя аз паси эшон ва духтар дар қафои доя даромад.

Хуршедшоҳ нигоҳ кард, моҳе дид, ки аз андаруни абр бадар омад, чун сарве хиромон. Чун ҳӯри биҳиштӣ меомад хиромон ва ҳама чашм дар ҷамоли духтар ниҳода ва Хуршедшоҳ худ мапурс, ки бештар аз ҳама кас менигарид. Валекин Фаррухрӯз ба ҳукми адаб сар дар пеш афканда буд ва бо шоҳ дар сухан буд. Аммо дояи бадшакл, бадрӯй, бадхӯй, бадбӯй, бадфеъл ба сухан даромад ва гуфт:
— Домод кадом аст?
Фаррухрӯз гуфт:
— Манам.
Доя гуфт:
— Қавлро шунидай ва аспи тавсан 1 ва ғуломи ҳабаширо дидай ва масъалаи сарви сухангӯйро омӯхтай?

Фаррухрӯз гуфт:
— Агар надониста будаме, ба хизмат наёмадаме.
Рӯзи дигар шоҳ бифармуд то майдонро биёростанд. Ва шоҳ дар зери чатр биистод ва Хуршедшоҳ низ биёмаД, бо ҷомаҳои шоҳӣ худро барораста ва ба ҷои Фаррухрӯз биистод. Фаррухрӯз ба ҷои Хуршедшоҳ қарор гирифт. Ва дояи малъуна бифармуд то аспро биёварданд, аз ин абраши тавсан, ҳамчанди пиле, дар миёни майдон бидоштанд.
Ва Хуршедшоҳ дар миёни майдон даромад ва оҳанги он асп кард. Асп рӯ ба Хуршедшоҳ ниҳод. Шоҳзода хез кард ва муште ба даҳони асп зад ва ҳар ду гӯши он аспро бигрифт, чунон ки он асп оҷиз шуд ва ром шуд. Хуршедшоҳ зин ба гурдаҳои маркаб ниҳод ва ба маркаб савор шуд ва маркабро гирди майдон тохт ва лаъбе 2 чанд ғариб ва аҷиб бинмуд. Хурӯш аз мардуми назора баромад ва Хуршедшоҳ омад ҳамчунон бар он асп савора. Шоҳро хизмат кард. Фағфури Чин офарин кард ва Хуршедшоҳро хилъат пӯшонид ва Хуршедшоҳ ба мақоми худ омад, бо Фаррухрӯз ва он шаб ба сар бурданд.

Рӯзи дигар, ки офтоби ҷаҳонтоб талеъ 3 шуд, боз майдонро биёростанд ва шоҳон биёмаданд ва ҳар кас бар ҷои

1 Тавсан — саркаш, ромнашуда.
2 Лаъб — бозӣ, яъне: аспро бозӣ дотонд.
3 Талеъ — тобон, намоён.

пешина
аз 290
навбатӣ