Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Хуршедшоҳ чун чунон дид, дарҳол ҷомаи худ дар Фаррухрӯз пӯшонид ва ӯ ба боргоҳ омад ва бар тахт бинишаст ва Хуршедшоҳ ба хидмат биистод ва ҷумлаи хидматгорон ҳеҷ надонистанд. Дарҳол Маскули ҳоҷиб бирасид. Касоне, ки бар дари боргоҳи шоҳзода истода буданд, огоҳӣ доданд, ки аз дари боргоҳи Фағфур ҳоҷибе истодааст, фармон чист?
Шоҳзода бифармуд, то ӯро бор доданд. Фаррухрӯз дар болои тахт нишаста ва Хуршедшоҳ ба хидмат истода, ғуломон ва хидматгорон саф кашида, ки Маскули ҳоҷиб даромад. Нигоҳ кард, Фаррухрӯз бар болои тахт. Дар дидори Фаррухрӯз бозмонд. Хидмат кард ва замин бӯса дод ва сано гуфт. Пас, замон баркушод ва гуфт:
— Эй ҷавони хубрӯй, шоҳи ҷаҳон Фағфур чунин мефармояд, ки шумо ба саодат чӣ қавмед ва аз куҷо меоед ва чӣ ҳоҷат доред ва омадани шуморо бад-ин вилоят сабаб чист? Моро маълум гардон, то он чи рои шумост, мо бар он биравем.
Чун ҳоҷиб сухан бигуфт, Фаррухрӯз сар баровард ва гуфт:
— Эй ҳоҷиби кабир, саломи ман ба шоҳ бирасон ва ӯро бигӯй, ки ман Хуршедшоҳам, фарзанди Марзбоншоҳ, подшоҳи вилояти Ҳалаб ва ҷумлаи Шомот. Моро чунон маълум карданд, ки шоҳро аз паси парда духтаре ҳаст боҷамол. Омадани ман бад-ин вилоят ба хостгории духтар кардан аст. Аз баҳри ин ба хидмат омадаам. Ҳеҷ коре дигар надорам, талаби домодии шоҳ мекунам. Агар фармояд, то ба хидмати олӣ хиромаам ва замин бӯса диҳам ва агар на, бозгардам ва беш аз ин нест. Бозгард ва аҳвол ба шоҳ бигӯй.
Маскули ҳоҷиб чун ин сухан бишнид, хидмат кард ва бозгашт. Ва пеши Фағфур омад ва хидмат кард ва гуфт:
— Эй бузургвор шоҳ, фарзанди Марзбоншоҳ аз Ҳалаб омадааст ба талаби домодӣ.
Чун шоҳ Фағфур ин сухан бишнид, дилтанг шуд. Рӯй ба Меҳрони вазир кард ва гуфт:
— Ин чӣ ақба аст, ки ҳамаи подшоҳон ба хасми ман бархостаанд аз ҷиҳати ин духтар? Кошки ки моро ин духтар ҳаргиз набудӣ, то моро ин ҳама ранҷ пеш наёмамад.
Меҳрони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, то ҷаҳон будааст, подшоҳонро духтар будааст ва бо якдигар вуслат кардаанд ва ранҷҳо кашида. Ва ранҷи ту аз фарзанд нест, ки аз дояи ҷоду аст, ва ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё