Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Шоҳзода агарчи маъҷунҳои мувофиқ мехӯрд, ӯро ҳеҷ суд набуд, магар ғам бар ғам зиёда мешуд. Ҳоли Хуршедшоҳ зор шуд. Падар бар ҷони вай битарсид, Ҳомони вазирро гуфт:
— Дар толеи фарзанди ман нигоҳ кун.
Ҳомони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, маро дил ба худ нест аз ғами шоҳзода. Диле фориғ бояд, ки асрори фалак бидонад ва маълум тавонад кардан. Ҳакимонро бихонем, то бинигаранд ва мо дар он назар кунем.
Ва мақсуди Ҳомони вазир он буд, ки агар шоҳзодаро ранҷе бошад ё хоҳад расидан, ба ӯ набояд гуфтан.
Пас, шоҳ кас фиристоду мунаҷҷимонро бихонд ва гуфт:
— Дар толеи фарзанди ман назар кунед, то чӣ ранҷе ӯро ба ҳосил хоҳад омадан, он чи бошад, гӯед.
Мунаҷҷимони устоду ҳакимони ҷалд аз он толеъ, ки аз вақти вилодат баргирифта буданд, ҳисоб карданду ранҷ бурданд ва дар гардиши фалаку аҳқоми ситорагон дар иттисоли ҳар кавкабе ва назари эшон дар саъду наҳс ва он дар хонаи ҳаёту мамот ва маразу байтуламал. Ва он чи дар ин кор буд, дардиданд ва ростӣ ҳама ба даст оварданду маълуми хеш гардониданд ва нусхате карданд ва пеши Марзбоншоҳ бурданд ва гуфтанд:
— Эй бузургвор шоҳ, мо ранҷ бурдему дидем ва аз таъсири фалак ва аҳқоми ситорагон шоҳзодаро ба ҷон ранҷе нахоҳад расидан ва ин ранҷ аз ҷиҳати духтарест, ки на аз ин вилоят аст. Аммо ғусса бисёр бихӯрад, то он духтар ба вай расад ва далел кунад, ки кори шоҳзода аз ин ранҷурӣ зуд ба салоҳ ояд ва дар ин имрӯзу фардо хуррамӣ ҳосил шавад ва беҳтар гардад ва аз ин ки пеши вай аст, равшанӣ пайдо ояд. Ва низ ҳукм бар он аст, ки шоҳзода аз хонумон ҷудо монад ва дар ғурбат кори ӯ низом гирад ва бар ҳафт иқлим подшоҳ гардад ва дар подшоҳӣ корҳо кунад, ки ҳеҷ подшоҳ накарда бошад ва накунад. Ва чиҳил сол подшоҳӣ кунад. Ва менамояд, ки бисёр банду зиндон ва балову меҳнат дар подшоҳӣ бикашад. Охири он ба салоҳ бошад. Боқӣ яздон донад.— Ва нусхат ба дасти Ҳомони вазир дод.
Ҳомони вазир дар аҳқоми эшон нигоҳ кард ва гуфт:
— Эй шоҳ, дил хуш дор, ки кор бар муроди ту хоҳад будан.
Шоҳ аз гуфтори эшон хуррам шуд ва ҳакимонро хилъат дод ва гусел кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё