Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Акнун бархез, то ба шаҳр равем, пеши падари ту. Бошад ки аз ин ангуштарӣ нишоне ба дасти ту ояд, ки худованди ангуштарӣ кист.
Шоҳзода гуфт. Барбастанд ва барнишастанд ва омаданд то ба лашкаргоҳ, шаб даромад. Шоҳзода фурӯ наёмад. Рӯй ба шаҳр ниҳод ва лашкар аз дунболи вай ба шаҳр омад. Ва ба ҳар навбате, ки шоҳзода аз шикор бозомадӣ, пеши падар рафтӣ. Дар ин навбат ба сарои худ рафтӣ. Паҳлавонон ба хизмати шоҳ рафтанд. Шоҳ чун эшонро дид, дилтанг гашт ва гуфт:
— Фарзанди ман чаро наёмад?
Гуфтанд: Эй бузургвор шоҳ, фарзанди ту шоҳзода пораи ранҷур аст, бад ин сабаб наёмад ва аз хизмат бозмонд.
Марзбоншоҳ дар худ биларзид ва бар ҷони фарзанд битарсид ва гуфт:
— Ӯро чӣ будааст. Хато накардааст?
Аҷьёну Альёр забон баркушоданд ва аҳволи шоҳзода ҷумла бо шоҳ бигуфтанд.
Марзбоншоҳ аз кори писар ғамнок шуд ва фурӯ монд ва гуфт:
— Фарзанди маро чашми бад расид. Рӯй ба Ҳомони вазир карда гуфт:
— Бархез, ки пеши Хуршедшоҳ равем, ки аҳволи вай ба даст орем, то чӣ гуна будааст.
Шоҳ бо Ҳомони вазир ҳар ду пеши Хуршедшоҳ омаданд. Шоҳзода диданд хуфта ва сар ба болини ғам ниҳода ва ранг аз рухсори вай шуда ва асари андӯҳ бар вай пайдо гашта. Марзбоншоҳ ба болини фарзанд омад ва бинишааст ва даст бар пешонии вай ниҳод. Хуршедшоҳ бознишааст, то кист. Падарро дид, хизмат кард ва гуфт:
— Эй падари бузургвор, ба чӣ ранҷа гаштӣ, ки банда ба хизмат хост омадан, аз баҳри он, ки таксире рафт, ки дур аз саодати худованд, ранҷур будам аз шикор кардан. Пеши падар ошкор накард.
Марзбоншоҳ гуфт:
— Эй падари азиз ва эй меваи дилу эй рӯшноии дида, чаро аз падар он чӣ буд, пинҳон медорӣ, ки маро маълум гашт аз он чӣ пеши ту омад. Аҳволи худ бигӯй, то чун афтодааст, то падар дар ғам ёр бошаду чора кунад, туро аз ин ғам бираҳонад.
Хуршедшоҳ чун бишнид, ки падарашро он ҳол маълум гашт, аз гуфтан чора надод.
Гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё