Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

чун аз ҷанг фориғ шавад, духтар ба вай супорам. Аз баҳри он, ки шоҳзода бар қавли ман эътимод кунад, зану фарзанди хеш ба хизмат фиристодам». Мӯҳр барниҳоду кор сохта буд. Чунон фиристод, ки касро хабар набуд. Ва Рованди нома дошту ба роҳи бераҳа мерафт.

Пас, чун Қарни паҳлавон рӯй ба роҳ ниҳод бо пайғом, ба дараи Буғрой расид бо номаву он чӣ шоҳ Фағфур фиристода буд. Пеши Хуршедшоҳ аҳволи савганд бигуфт.
Хуршедшоҳ нома баргирифту бархонд ва рӯй ба Арғун карду гуфт:
— Моро сози ҷанг бояд кардан. Акнун дар гардани мо афтод.

Арғун гуфт:
— Фармонбардорам.

Пас, шоҳзода лолоро бихонд. Гуфт:
— Бирав ба духтари шоҳ бигӯй, ки падарат дил ба мо рост карду савганд хӯрд ва туро ба ман дод ва маро ҷанги Қизилмалик фармудааст. Ночор бибояд рафтан ва туро бо худ натавон бурдан ба масофҷой, хосса, ки ҳанӯз падарат ба мо несупоридааст, агарчи ба мо додааст. Туро ба қалъаи Шоҳак бояд рафтан то мо аз ҷанг бозпардозем.

Лоло бирафту аҳвол бо духтар бигуфт.

Духтар гуфт:
— Эй лоло, пеши шоҳзода рав ва ӯро пеши ман хон.

Лоло пеши шоҳзода омад, хизмат карду гуфт:
— Маҳпарӣ туро мехонад.

Шоҳзода бархосту пеши духтар омад. Ӯро гирён дид.
Сари вай дар канор гирифт, гуфт:
— Эй дилорому дилбанд, туро дар миёни масоф бурдан маслиҳат нест ва дигар бо падарат чунин қарор афтодааст, ки туро ба қалъаи Шоҳак фиристам ва он қалъа азони падари туст. Дил хуш дор, ки зуд бошад, ки пеши ту оям.

Духтар гуфт:
— Эй шоҳзода, маро чӣ кор ба қалъа аст, ки аз они падари ман аст ё аз они дигаре. Агар ҳама ҷаҳон қалъа бошад, ман аз инҳо ҳама фориғам, ки касе ба чашми хато дар ман нигоҳ натавонад кардан ва агар гӯшту пӯсти ман ба нохунпирой бибуранду дар даҳани ман ниҳанд, бихӯраму раҳо накунам, ки касе бар ман қодир шавад, магар ту.
Ман намехоҳам, ки аз ту ҷудо шавам. Чун дили ту чунин мехоҳад, фармон турост. Ба гуфтори ту меравам, вагарна маро мурод нест.

пешина
аз 290
навбатӣ