Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Шагол ва дигарон рафта буд, ҳама шарҳ дод ва аҳволи духтар фиристодан ба қалъаи Шоҳак ва паҳлавон Қарнро фиристодан, то шоҳро савганд диҳад, ки ҳам дар ин аҳд бошад, ҳама бигуфт.
Пас, Меҳрони вазир дарҳол шоҳро савганд дод, чунон ки Арғун фармуда буд. Чун аз савганд хӯрдан фориғ шуданд, Меҳрони вазир гуфт:
— Дергоҳ асту шароб битавонем хӯрдан.
Бифармуд, то Қарнро дар ҷойгоҳе фуруд оварданд.
Меҳрони вазир ҳам дарҳол бифармуд, то ба хизмати Фағфур шуданд. Меҳрон дар хизмати шоҳ Фағфур ва амарои давлат ҳозир. Вазир кас фиристод ва Қарни паҳлавонро ба боргоҳ хонд ва бо шоҳ он рӯз ба шароб хӯрдан машғул шуданд.
Шоҳ Фағфур ба ҳузури Қарн бо Меҳрони вазир гуфт, ки тартиби лашкар бисоз аз баҳри Хуршедшоҳ, то биравад ва он чӣ ба кор бояд аз хаймаву хиргоҳ ва фаррошхонаву матбах ва кӯсу алам ва ғошияи бадӯшу чатри гавҳарнигор ва хазинаи бисёр, ки сипоҳ бехазина натавон дошт. Пас, нома бинавис ба паҳлавонони лашкар — Шерӯяву Самур, ки хеши мост, ки бидонеду огоҳ бошед, ки моро маълум шуд, ки Хуршедшоҳ бо ҷой асту ӯро ранҷе нарасидааст ва духтар ба Қизилмалик фиристодам ва ба роҳ омаду бурд, ҳаққи ӯ буд, яздон ба ӯ расонид. Мо низ ӯро мусаллам доштем, ки ҳар чӣ кунад ва фармояд, мо карда бошем ва фармуда, ки Хуршедшоҳ дар подшоҳӣ ноиби мост ва бояд, ки ӯро мутеъ ва фармонбардор бошеду ӯро подшоҳи худ донед ва ҳар чӣ фармояд, фармон ӯро донеду ба хизмати ӯ истодагӣ намоед ва бо вай дар масоф ёр бошеду бадхоҳи мулки моро қаҳр кунед, ки Хуршедшоҳ бар ин камар бастааст ва бо Арғуну бо сипоҳи гарон меояд.
Ҳама бояд, ки сар бар хату фармони ӯ ниҳед.
Чун Меҳрон ин сухан аз шоҳ бишунид, ночор ӯро нома бояд навиштан. Ончунон ки шоҳ фармуда буд, дар нома ёд кард ва ба шоҳ хонд. Мӯҳр барниҳод. Ва паҳлавоне буд номи ӯ Сом, ӯро номзад кард бо ҳазор савору он моли фаровон.
Чун сипоҳ бо Қарн рӯй ба роҳ ниҳоданд, Меҳрони ҳаромзода нома навишт ба Қизилмалик ва он чӣ рафта буд,
дар нома ёд кард ва гуфта буд: «Бояд шумо ҷангро сохта
бошед, ки ҷумлаи сипоҳи Фағфур аз шумо тарсиданд ва
ман ба ҳилат духтар ба қалъаи Шоҳак фиристодам, то
1 Ғошия — зинпӯши зебо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё