Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Шоҳ чун аз он мард бишниду аҳвол маълум кард, дилтанг шуд. То Меҳрони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, азим коре аз дасти эшон баромад ва ҷойгоҳе маҳкам га дасти эшон афтод. Зинҳор аз дасти Самак, ки медонам, бар ин корҳо ҳама раҳнамун ӯ бошад.
Фарфур гуфт:
— Эй вазир, тадбир чист ва тадбири ин кор чун созам?
Меҳрони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, Арғун кӯчак марде несту лашкаре бисёр дорад ва марди ҷавонмард аст ва бо зинҳору амонатдор аст ва дигар ҷойгоҳе маҳкам дорад. Агар осӣ шавад, лашкари рӯи замин бо вай ҳеҷ ба даст надоранд. Агарчи аз хидматгорони шоҳ аст, надонам, ки акнун тоат дорад ё на.
Ва агар аз баҳри ин ҷамоат, ки бо Хуршедшоҳанд, дар шоҳ осӣ шавад, намедонам. Бо ин ҳама чора дорам ва магар чунин натавон кард, ки нома пеши Арғун нависӣ бо хилъате зебо ва бигӯӣ, ки: «Эй паҳлавон, донӣ ки моро бо ҳам ҳаққи бисёр аст ва дигар падарони мо ҳаққи бисёр доштанду туро низ аз ман ногузир аст. Чунон мешунавам, ки Хуршедшоҳу Фаррухрӯзи бародараш бо Шағоли Пилзӯр ва Самак бо ҷамоате роҳгир карданд ва халқе бикуштанд ва духтари ман бо чанд харвор хазина бибурданду пеши ту оварданд ва ту эшонро ба худ бозгирифтӣ. Маслиҳат набуд. Бидону огоҳ бош, ки мо духтари хеш ба Хуршедшоҳ додем, аммо пайкоре афтод, ки ногуфтани аст. Пас, Хуршедшоҳ бар ин ҷо расид, ки бо айёрон пайваст ва ба қасди ҳалоки мо кӯшид. Ман лашкар фиристодам ва эшон паноҳ ба кӯчаи Сангин бурданд. Эшонро бо оташ ҳалок кардем. Аммо чун шоҳзода Қизилмалик қасди ҳалоки мо кард ва ба вилояти мо омад, духтар ба вай фиристодем, то Қизилмалик моро пуштӣ бошад. Акнун чун Хуршедшоҳ бар ҷой асту ба саломат ва низ духтар ба вай расид, муборак бод!
Аҳвол медонед, ки Қизилмалик бо ду паҳлавон — Қатрону Қатур бо сӣ ҳазор бо ҷанги мо рӯй ниҳодаанд. Акнун Хуршедшоҳ домоди мост. Ҷавоби хасм боздиҳед, ки ба хостгории духтар омадааст. Чун ӯро боздошта бошӣ, подшоҳи Чину Мочин ту бошиву домод ту бошӣ. Ва чун азми ҷанг созӣ, духтар пеши мо фирист, то мо тартиб созем, то чун шоҳзода аз ҷанг фориғ шавад, вуслат созем».
Ба ҷуз чунин, духтар аз дасти эшон берун натавон
кардан. То чун духтар пеши ту фиристад, ҳар кӣ аз эшон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё