Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

рон фуруд омаданд, то Арғун эшонро бинишонд. Пас, шароб хӯрданду аз ҳар гуна суханҳо гуфтанд.

Шағоли Пилзӯр гуфт:
— Эй Самак, он ҳама орду асалу равған дареғ бошад, ки дар он чашма раҳо кардем.

Самак гуфт:
— Эй падар, ҳам аз нон сухан мегӯӣ. Рӯзихор худ бадон бирасад. Агар даҳ ҳарвор ҳавоҷ раҳо кардем, яздон маро панҷоҳ ҳарвор зару ҷомаву ҷавоҳир боздод ва духтари шоҳ ба мо расид, ки ин ҳама саргардонӣ аз баҳри вай мекашем ва дигар он, ки ба хизмати Арғуни сарҷӯпони ҷавонмард расидем, ки моро ҳама ҷаҳон неъмат аст.

Ҳамагон бар вай офарин карданд бад-он забоновариву суханронӣ, ки кард.

Чун замоне шароб хӯрданд, Самаки айёр гуфт:
— Осуда гаштем, моро ин ҷойгоҳ мебояд будан, то бингарем ки аҳвол чун аст, лашкари рӯи замин бар ин ҷойгоҳ оянд, бо мо ҳеҷ ба даст надоранд.

Бо хушиву нишот бар сари он дара мебуданд ва Маҳпариву лоло Солеҳ дар сарои Арғуни сарҷӯпон мебуданд. Гуфтаед, ки ҳоли эшон ба чӣ расид?

Аммо аз ин ҷониб, ки чун ҷамоати айёрон бо Хуршедшоҳ дар он дара биёсуданд, Ҳактаоло тақдир кард, ки дар он дара марде буд муфсид, ғаммоз. Магар Арғун вақте ӯро коре фармуда буд ва накарда буду ӯро боздошта буду бисёр чӯб зада ва хорӣ намуда. Аз ин ҷиҳат кина дар дил гирифта буд, ки вақте иваз боз кунад. Чун аҳвол чунон дид, бо худ гуфт: пеши Фағфур раваму ин аҳвол бо вай бигӯям, то шоҳ лашкар бифиристаду инҳоро қаҳр кунад ва Арғунро бигираду кини ман аз вай бозхоҳад.

Ин андеша бо худ бикарду рӯй ба роҳ ниҳод, то ба шаҳри Чин ба дари сарои шоҳ рафт. Бо хизматгорони шоҳ гуфт, ки шоҳро хабар диҳед, ки шахсе аз дараи Буғрой омадааст ва аҳволе дорад, то бигӯяд.

Шоҳро аз он огоҳ карданд. Гуфт:
— Ӯро дароваред.

Пеши шоҳ хизмат карду гуфт:
— Эй шоҳ, духтари ту бо моле, ки ба Қизилмалик фиристодӣ, Хуршедшоҳ роҳ бар онҳо бигирифту ҳама бикушт ва духтар бо мол ба дараи Буғрой овард, пеши Арғуни сарҷӯпон ва Арғун эшонро ба худ бозгирифту қабул кард ва ҳаққу ҳурмати ту фурӯ гузошту бар ту берун омад. Бандаро похуш омад. Биёмадам, то шоҳро маълум кунам, то он чӣ подош бошад, шоҳ бо эшон бикунад.

пешина
аз 290
навбатӣ