Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
устодони гилигар сари кӯча ба сангу гаҷ бароварданд. То эшон он кор мекарданд, лоло Солеҳро бо хароҷоту қуввати эшон боздошта буд ва ба Маҳрӯя медод ва пеши он айёрон мебурд ва шоҳ Фағфур аз он ҳилат ғофил.
Аммо аз он ҷо чунин ривоят кунанд, ки чун лашкари шоҳ аз он ҷо берун мерафт, дарҳол Меҳрони вазир нома фиристод ба Қизилмалик пинҳон ва гуфт: «Шоҳзода, ман ин ҷойгоҳ Фағфур бар он доштам, то лашкар фиристад. Эшонро медоред ва ҷаҳд кунед, то эшонро қаҳр кунед, ки ман худ ин ҷамоати дигар ҷаҳд кунам, ки дар байъат оварам. Ман ин ҷойгоҳ тартиб мекунам, ки зану фарзанди худ бо духтари шоҳ ба хидмат фиристам, то донад, ки бар қавли ин банда эътимод ҳаст. Шерафкан буд, ки бо якдигар кор месохтем ва Шерафкан ҳалок шуд бар дасти айёрпешае, ки номи вай Самак аст. Ман танҳо кор месозам, то чӣ гуна кор барояд». Пас, нома ба Рованди доду бифиристод.
Лашкар дар роҳ ва Самаки айёр худро дар миёни лашкаргоҳ афканда, то ба наздики марғзоре расид, ки онро марғзори Гӯрон хонанд. Самак талаби Хуршедшоҳу Фаррухрӯзу Шағоли Пилзӯр мекард ва эшонро намеёфт.
Пас, чун лашкари Фағфур ба наздики лашкаргоҳи Қизилмалик расиданд, Самуру Шерӯя ва Сиёҳгилу Кармун ҳар чаҳор гуфтанд, ки моро ин аҷаб меояд. Якеро мебояд фиристодан, ки аҳвол боздонад.
Самур гуфт:
— Ин кори ман аст. Ман биравам пинҳон ва ин кор боздонам ва он чӣ бибояд гуфтан, бигӯяму бишнавам.
Ҳамагон гуфтанд:
— Рои ту савоб аст.— Ин бигуфтанд ва Самур гуфт:
— Акнун меравам.
Ҳам аз он ҷо қасди роҳ кард бо панҷоҳ савор, то бар канори лашкаргоҳи Қизилмалик расиданд.
Хабар бурданд, ки: «Самури паҳлавон хоҳад расидан, магар ба расулӣ омадааст».
Шокири соҳибқалам гуфт:
— Эй шоҳзода, Самур паҳлавоне бузург асту аслзода аст ва хеши шоҳ Фағфур аст, ӯро азиз дор.
Қизилмалик бифармуд, то ӯро истиқбол кунанд ва ба таъзими некӯ бароварданд ба боргоҳи Қизилмалик ва умарои давлат пешвоз омаданд ва ӯро икром фармуд.
Самур хидмат кард. Қизилмалик ӯро дар канор гирифт ва ба болои тахт бароварду бар дасти рости худ бишонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё