Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз шоирони муосир Салим Кенҷа, Акбар Пирӯзӣ, Асадуллоҳ Исмоилзода дар ситоиши шаҳри маҳбуби худ «Самарқанднома»-ҳо офарида, силсилаи шеърҳои худро ба таърифи Самарқанд бахшидаанд.

Аз насрнависони тоҷик Болта Ортиқзода бо унвони “Достони Самарқанд” китобе таълиф кард ва чанд ҳикоёту қисса дар бораи таърихи Самарқанд низ табъу нашр намуд.

Донишманди таърихи адабиёт, устод Холиқ Мирзозода низ доир ба Самарқанд романе таҳти унвони “Сайқали рӯи замин” иншо намуда буд, ки аз он порчаҳо дар матбуот эълон шудаанд.

Нависанда ва донишманди маъруфи тоҷик Расул Ҳодизода, ки бо рисолаҳои пурмӯҳтавои илмӣ, китобҳои дарсии доир ба таърихи адабиёт барои мактабҳои миёна ва олӣ таълифкардааш, ҳикоя, қисса ва романҳои дар мавзӯъҳои таърихӣ навиштааш ба хонандагон шинос аст, солҳои охири ҳаёти худ дар бораи Самарқанд ва самарқандиён бо унвони «Самарқандиён чӣ мегӯянд», «Худоё, худро бишносам» ва «Самарқанднома», китобҳое таълиф намуд, ки ҳоло дар бораи ду китоби ӯ мулоҳизаҳои худро баён карданӣ ҳастем.

I

Бобҳои ҷудогонаи китоби хотираҳои Расул Ҳодизода “Худоё, худро бишносам”, ки тавассути нашриёти “Деваштич” аз чоп баромад низ ба Самарқанд ва самарқандиён, муҳити адабӣ, илмӣ ва фарҳангии ин шаҳр бахшида шудааст.

Қамарзода тӯплаб нашрга тайёрлаган. «Туронзамин зиё» нашриёти, Тошкент, 2014, 156 саҳ.; Samarqandmadhi, «Turonzaminziyo» nashriyoti, Toshkent, 2014, 156 sah.

пешина
аз 315
навбатӣ