Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
муроҷиат намуд, ки: «- Агар иҷозат фармоед, ҷаноб, ман мехостам Мираҳмадро бо факултети шарқшиносии Университет шинос кунам. Бовар дорам, ки ин донишкада ба ӯ таассуроти калон хоҳад бахшид» (с. 246). Ботуршин баъди дар факултети шарқшиносӣ гирифтани номи устоди забонҳои форсию туркӣ хурсандона назди Аҳмади Дониш меояд ва мегӯяд:
- Маро муборакбод кунед, ҷаноби махдум, - гуфт ӯ ва қоғази ғафси сафедеро, ки дар ҷузъбанд дӯхта шуда буд, ба дасти Аҳмад дод. – Ана, ин ёрлиге, ки маро ба номи устоди забонҳои туркиву форсӣ номзад карданд...» (с. 251) ва меафзояд, ки «рӯзи чоршанбе ҷанобашонро ба дабиристони шарқшиносӣ даъват мекунанд».
Тамошои Донишгоҳи Петербург, шиносӣ бо устодону толибилмони факултаи шарқшиносӣ, сатҳи баланди забондониву забономӯзии онҳо барои Аҳмади Дониш гӯё кашфиёте буд.
Аҳмади Дониш дар ҳайрат буд, ки чаро дар ин гӯшаи аз ватани забони форсии тоҷикӣ фарсахҳо дур бо чунин дилгармӣ забони форсии тоҷикӣ меомӯзанду дар ватани аслии забон ба он беэътиборӣ мекунанд.
Аҳмади Дониш ба сифати як тан аз шахсиятҳои илмӣ ва фарҳангии асри XIX зарурати таҳкими алоқаҳои гуногунҷабҳаро ба Русия дарк намуд ва барои ӯ равшан гардид, ки илму фани рус воқеан пешрафта аст, низоми давлатдориаш муайян ва маъмурони Русия ба омӯхтани таърих, тамаддун ва забони миллатҳои дигар эътибори махсус медиҳанд. Бинобар ин ӯ натиҷагирӣ намуд, ки ворид намудани ислоҳот ба усули давлатдории аморати Бухоро ва таълим дар мадрасаю мактабҳо ногузир аст. Аммо ба ҳеҷ ваҷҳ ин маънои тақлид ба аврупоиёнро (русҳо) надошт. Ӯ зода ва парвардаи муҳити мусулмонӣ буда, мӯътақиди дини ислом аст ва бо такя ба меъёрҳои он омӯхтани илму фани ақвоми дигарро раво медонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё