Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
М.Шукуров, К.Айнӣ, Валӣ Самад ва дигарон тадқиқ шудааст. Аммо романи «Ситорае дар тирашаб» маҳсули ҷустуҷӯ ва андешаҳои чандинсолаи Р.Ҳодизода буда, муаллиф дар он симои А.Донишро дар иртибот ба рӯйдодҳои замон, аҳволи иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии Бухоро тасвир намудааст. Оид ба таърихи таълиф, ҳусну қубҳи ин асар ва ҷойгоҳи он дар адабиёт олимони адабиётшинос ибрози назар низ кардаанд. 1 Р.Ҳодизода то таълифи ин романи таърихӣ оид ба замон ва фаъолияти илмиву амалии А.Дониш мақолаву асарҳои зиёд таълиф намуда, ҳаёту мероси ӯро мавриди арзёбӣ қарор додааст. Аммо, маълум ки доираи бардошти асару мақолаҳои илмӣ ва илмиву оммавӣ дигар будаву доираи бардошти асари бадеӣ ва дар ин маврид романи таърихӣ дигар.
Аз таҳқиқи бадеии Р.Ҳодизода, ки дар асоси маъхазҳои зиёди таърихӣ мураттаб гардидаанд, маълум мегардад, ки Бухорои замони манғитиҳо — амир Музаффар ва фарзандони ӯ, бо вуҷуди гирифтори муҳити зулматбор буданаш, диққати давлатҳои дигарро ба худ ҷалб менамуд ва намояндагони халқу миллатҳои мухталиф бо мақсадҳои гуногун озими ин шаҳр гардида, дар он зиндагӣ мекардаанд.
Албатта симои марказӣ дар асар А.Дониш аст ва ҳамаи рӯйдодҳо бо иштироки бавоситаву бевоситаи ӯ
1 Раҷаб Амонов. Ҷавоб ба «Мактуби кушод»-и Расул Ҳодизода ё андешаҳо оид ба роману романнависӣ. // «Адабиёт ва санъат», 21-уми январи соли 1988; Муртазо Зайниддинов. Ривояти хотирангез аз адиби навҷӯ // Рӯдакӣ фасномаи адабӣ - фарҳангии Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон. - 2009. - № 23 - соли даҳум тобистон. - с. 79-93. Муҳриддин Низомӣ. Дурахши ситорае дар тирашаб / «Адабиёт ва санъат». 15-уми марти соли 2018; Ғаффорова Умеда. Олими муқтадир ва адиби чирадаст. // Оинаи пажӯҳишгоҳ, фасномаи илмӣ – адабӣ. №1 [1], 2019, с. 242-247.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё