Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Амир Насрулло дар тасвири Р. Ҳодизода ғоҳу дурандешу батадбир, гоҳе бераҳму шафқат, дар ҳоли дигар маккору ҷоҳил ва баъзан бисёр далеру тавоно ҷилвагар мешавад. Аз ҷумла, вай чанд моҳ пеш аз маргаш дар танҳоӣ чунин андеша меронад: «Дар воқеъ аввал фаҳмидан лозим, ки урусҳо дар дил чӣ муроду мақсад доранд, онҳо дӯстномоӣ мекунанд ё аслан нияти истеҳкоми дӯстиву ҳамкорию ҳамсоягӣ доранд». Ин андешаҳои амир дар саҳифаҳои 414 ва 415-и роман инкишоф меёбанд.

Аз сӯҳбати амиру Дониш маълум мегардад, ки амир дар ҳар сурат тарафдори ба Русия муносибатҳои неки ҳамсоягӣ доштан мебошад. Вай ҳатто дар рӯзҳои вопасини умри худ ба Аҳмади Дониш рӯ оварда мегӯяд:

«...мехоҳам, ки мулку мамлакатро баъди сарам ба набераам Насриддин васият кунам... Вай ҷавони хушёр аст, Махдум ... Шумову Сарир барин одамон мадад кунетон, бо Шумо Русия рафта биёед, - аз вай як ҳукмрони оқилу қавидаст мебарояд».

Р. Ҳодизода дар муколимаи байни амир ва Аҳмад Дониш «пасту баландиҳо»-и муносибати Русия ва Бухороро такурӯ кардааст. Аз ҷумла Аҳмади Дониш баъди бозгашт аз сафари Русия ба амир мегӯяд: «Имрӯз, ки Русия ба мо тарҳи дӯстию ҳамсоягӣ гузоштанист, мо бояд аз дари некхоҳиву некбинӣ дароем. Аз сухани вазирони рус, импиротури онҳо банда маълум кардам, ки Русия ба аморати Бухоро ба воситаи қавидасти он-ҳазрати амирам — эҳтирому ҳусни таваҷҷуҳ доранд. Аз кирдорҳои носозою душманонаи Ҳуқанду Хоразм хеле норозиё менамоянд».

Амир баъди шунидани мулоҳизаҳои боло ба Дониш супориш медиҳад, ки ҳамаи дидаю шунидаҳояшро дар шакли рисолае таълиф намояд, то ки амиру аркони давлати Бухоро аз рӯи он кор баранд.

пешина
аз 315
навбатӣ