Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

кишвари харобу вайронаашро бо мадади ҳамсояҳо ободу маъмур гардонад». Аз ин андешаҳо бармеояд, ки Аҳмади Дониш нуктаю назари амирро ба русҳо ва Русия тағйир доданист.

Дар сӯҳбатҳои амир ва Дониш бисёр масъалаҳои муносибати аморат ва Русия муҳокима мегарданд. Аз ҷумла, амир ба Дониш муроҷиат карда мегӯяд: «Кордории мулуки Русия ба як низому насақи хуб сохта шудааст. Ростӣ, ки барои мо ҳамин хел вазирони кордону фозил лозиманд. Аммо насақу тартиби подшоҳони худро дигар кардан оё аз рӯйи шарҳу аҳқоми дини мо бошад, Маҳмуд? Мабодо ки уламои дин бар муқобили мо хуруҷ кунанд?»

Аҳмади Дониш ба саволи амир ҷавоби равшан дошт. Оре, Аҳмад низ вақте ки ба иншои рисола машғул буд, дар ин хусус фикр мекард, ки агар амир фаразан аз рӯйи тартибу низоми давлати Русӣ тағйире дар кори давлат дохил кунад, оё уламои дин ва роҳи шаръ... Аҳмад, Сарир, Савдо барин шахсон, ки имрӯз беназмию бесарусомонии умури давлату миллатро мебинанд, аз уламову фузалои аср монданӣ надоранд. Аҳмад бовар дошт, ки агар рисолаи ӯ амирро ба ҷорӣ намудани баъзе тағйироту дигаргунӣ дар умури давлату раият моил кунад, уламои дин амирро тарафдорӣ мекунанд, чунки ҳар чизе ки Аҳмад ба тариқи ибрат аз ниҳоми Русия навиштааст, хилофи адл нест. Шаръи ислом бошад ҳеҷ гоҳ адлро инкор накардааст.

Дар тасвири Р. Ҳодизода бо шарофати ақлу заковати Аҳмади Дониш кори амир омад мекунад. Аҳмад баъди ин ҳисси тараххӯм ва илтифоти амирро равшан пай бурд. Амир бори аввал нест, ки аз азму нияти худ дар ислоҳи кори давлат ба Дониш кушоду равшан дил холӣ мекунад. Дониш низ бори аввал дарк кард, ки тақводу саъю кӯшишоти ӯ барабас нарафтанд.

пешина
аз 315
навбатӣ