Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

замон»-ро аз даричаи чашму дили ин ду тан ба хонанда пешкаш мекунад. Ҷавҳари асосии роман низ аз ҳамин муносибати онҳо оғоз мегардад, яъне симои ин ду тан дар нуқтаи гардиши рӯйдодҳо қарор гирифтааст: «Аҳмад ба тамкин ба панҷара наздик шуд, таъзиме карда у лаб ба нуги ангуштони амир бурд». Вале вай надонист, ки ин ҷо хато рафт, яъне дар ин соати шукрона ба рӯю чашм молидани дастони ҷаноби олиро фаромӯш карда буд. Ва инро махсус бояд қайд кард, ки чашмони умр аз «санҷиш»-и чашмони оташбор ва ваҳмангези ӯ халосӣ наёфт, яъне ҳама умр зери назорати амиру аморат монд. Амир ниҳонтарин сирри дилу давлаташро ба Аҳмад мегуфт ва ӯро ба тадриҷ шахси ба худ наздик месохт. Р. Ҳодизода ин ҳамаро бо маҳорат тасвир намудааст: «Амир пеш аз сафари Русия ба Аҳмад фармуда буд, ки қудрати ҷангии русҳоро фаҳмида гирад, то ки агар ба айни ду давлат ҷанг хезад, амир донад, ки муқобили душманаш чӣ қадар навкарию аскария ҳозир кунад.»

Дониш дар ҳама ҳолат сухани худ, мулоҳизаи мустақили худро дар муқобили фикру амалиёти амир гузошта метавонад: «Аҳмад дид, ки ӯ шумораи лашкар ва тӯпу туфангҳои русҳоро муайян карда ба амир арз кунад ҳам, аммо дар вақти муҳориба ҳазор аскари рус тамоми лашкари оламгири ҷаноби олиро ба як зарби тӯпаш пош медиҳад».

Р. Ҳодизода ин ҷо як хулосаи муҳимро пеш меронад, ки аз он ду категорияи муносибатро ба русҳо ва Русия пай бурдан душвор нест: «Беҳтар он аст, ки ӯ тартиботи давлату ҳукумати Русияро хуб таҳқиқ кунад, онро рафта ба амир арз кунад, ҳар чӣ мақбули амир уфтод, ба назири давлатдории Русия дар аморат ҷорӣ кардан лозим аст. Хуб мешуд, ки агар ӯ амирро моили сафари Русия кунад, худаш ин аҷӯбаҳоро ба чашмаш бинад, аз онҳо ибрат гирад ва он чӣ мумкин аст, дар мулки худ ҷорӣ кунад,

пешина
аз 315
навбатӣ