Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Р. Ҳодизода дар офаридани образи амир ҳунару меҳнати зиёд ба харҷ додааст. Амир Насрулло назар ба хониҳои Хоразму Ҳуқанд, ки ҳатто аз сояи урус метарсиданд, батадбиртар ва бамулоҳизатар менамояд. Ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва адабӣ низ инро ба субут мерасонад.
Дар асри XIX давлатҳои бузурги сармоядории Англия ва Русия, шовинистони Туркия ба Бухоро бо дидаи забту ғорат нигариста, ҳар кадоме Бухороро ба мисли луқмаи муфт пештар фурӯ бурдани буданд. Фоҷиаҳои дохилӣ низ кишварро аз дарун абгор карда бурданд. Ин ҳама дар сари давлати Бухоро будани як амири муқтадирро тақозо дошт.
Ҳуҷҷатҳои зиёди таърихӣ ва адабӣ боқӣ мондаанд, ки онҳо аз пурқудрат, ҷасуру золим, тавонову бераҳм будани амир Насрулло гувоҳӣ медиҳанд. Р. Ҳодизода ин ҳамаро сарфи назар карда наметавонист.
Ниҳоят заковати Аҳмади Дониш дар муқобили чунин шахси пурқудрату золим аз имтиҳони замон мегузашт. Агар амир шахси пурқудрат намебуд, аз ӯ пурқувваттар будани сирати Дониш, ғолиб омадани андешаҳои пурдарду алами ӯ ба мо маълум намешуд ва заиф мебаромад. Зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки образи амир образи Донишро ба ҷои дуюм гузошта, ҳатто як андоза пахш ҳам намудааст. Аммо дар асл хираду дониш ва исёни дилу рӯҳи Аҳмади Дониш он ҳама шаҳомати амирро пахш мекунад.
Хати дуюми таҳқиқи бадеии муносибатҳои Русия ва Бухоро дар мисоли муносибати шарқшиносони рус — Лерх, Струве ва Григорев ба таърих, адабиёт, забон ва маданияти халқи тоҷик, аз ҷумла шахсони бомаърифти ин халқ — Аҳмади Дониш ва Мирзо Шамс ба зуҳур омадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё