Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

набуд. Ин гардиши рӯзгор бо машварат ва тавсияи устод Айнӣ сурат гирифта буд.

Р. Ҳодизода сӯҳбати тақдирсози устод Айниро «Дар ёди устод» чунин ба рӯйи сафҳа оварда: «Соли 1950, моҳи июл, пас аз тамом кардани Университет ба назди Айнӣ рафтам. Он кас аз нақшаҳои ояндаи ман пурсиданд. Гуфтам, ки аз таърихи адабиёти тоҷик дар аспирантураи Тошканд таҳсилро давом доданӣ ҳастам. Устод андаке фикр карда, гуфтанд:

  • Ба назари ман, акнун шумо хонданро дар Сталинобод давом диҳед беҳтар аст. Модом ки шумо таърихи адабиёти тоҷикро омӯхтан хоҳед, бояд ба маркази маданияту адабиёти тоҷик — Тоҷикистон равед. На танҳо бо таърихи адабиёт, балки бо ҳаёти ҳозираи адабӣ, бо аҳли илму адаби он ҷо шинос шавед, дар ҷараёни корҳои ҳаррӯзаи онҳо иштирок кунед. Дар он сурат шумо як қадри даркорӣ шуданатон мумкин аст».

Р. Ҳодизода иқрор мешавад, ки «ҳатто дар хаёлам набуд, ки устод чунин пешниҳод мекунад. Ман ба Тошканд одат карда будам, дар он ҷо дар доираҳои адабӣ ошнову шиносу дӯстони бисёре доштам, дар ин муҳит обрӯву мартабае низ маро муяссар буд. Хулоса, Тошканд шаҳре буд, ки он ҷо рушду камол ёфтам, дониш омӯхтам, таҷрибаи зиндагӣ андӯхтам — навраси норасида будаму ҷавони болиғ гаштам. Ба устод аз ин хусус узрҳо овардам, аммо эшон дар пешниҳоди худ қотеъ буданд»...

Хулоса ӯ ба Сталинобод омад, ба аспирантура дохил шуд ва устод Айнӣ ба роҳбарии илмии шогирди наваш ризоят дод. Одамияти баланд, хоксорӣ, меҳрубонӣ, дақиқкорӣ, роҳбариву роҳнамоӣ, дилсӯзӣ, кашфи завқу қобилияти муҳаққиқу эҷодкорони ҷавон, масъулияти баланд дар баҳогузорӣ ба фаъолияти илмиву эҷодии шогирдон, серталабӣ нисбат ба худу ҳар як ҷавони соҳибистеъдоду болаёқат хислатҳои ҳамидаи устод

пешина
аз 315
навбатӣ