Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Айнист, ки Расулхони ҷавони навкор сармашки зиндагии худ кардааст.

Нахустин мақолаи Р. Ҳодизода бахшида ба 70-солагии устод Айнӣ бо супориши Раёсати радиои Тошканд иншо шуд ва бо маслиҳату пешниҳоди раиси радио Абдулло Ӯразаев ба хотири рафъи камбуду иштибоҳ ба сӯйи Самарқанд-хонаи устод роҳ пеш мегирад. Устод Айнӣ ба қироати муҳаққиқи ҷавон бо диққат гӯш дода, дар хусуси он ки дар зери таъсири эҷодиёти Аҳмади Дониш аз ҳамон солҳо, яъне солҳои 1895–1902 ба муқобили сохти аморати Бухоро шеърҳо навишт ва ҳамчун шоири барҷастаи маорифпарвар ва тараққихоҳ ба майдон баромад, эрод мегиранд.

«– Ин гапатон нодуруст аст. Дар он вақтҳо ман на маорифпарвар будам, на шоири пешқадам. Ман ба майдони адабиёт акнун медаромадам. Маорифпарвариро аз куҷо медонистам. Албатта, Аҳмади Дониш ба ман таассуроти бузург гузошт, лекин бисёр чизҳои вай навиштагиро нағз намефаҳмидам. Баъзе шеърҳои танқидию равшанфикронае, ки он вақтҳо машқ мекардам, аз дараҷаи маорифпарварӣ хеле дур буд. Ин таърифи беасосатон на ба фоидаи ман асту на ба фоидаи таърихи адабиёт».

Таъкиди устод Айнӣ сабақе буд ба муҳаққиқи ҷавон, ки дар фаъолияти баъдии илмиаш ҳангоми баҳогузорӣ ба рӯзгору осори адибон онро ҳамеша дар мадди назар дошт ва ба эътибор мегирифт.

Рисолаи нахустинаш ба мавзӯи таърихи адабиёти тоҷик дар осори илмии устод Айнӣ ихтисос дошт, ки онро чун кори дипломӣ ба анҷом расонд. Мактубе, ки устод Айнӣ дар ҷавоб барои роҳбарӣ карда натавонисташон ба кори дипломии Р. Ҳодизода узр оварда буданд, барои олими ҷавон чанд сабақе дошт. Яке аз онҳо расидан ба қадри вақт буд. «Сабаби аввалин пирӣ ва набудани вақт

пешина
аз 315
навбатӣ