Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

шурӯъ мешавад. Вай дар корҳои комсомоливу ҷамъиятии факулта фаъолона иштирок мекунад. Бо роҳбарии донишманди номдори тоҷикшинос, узви вобастаи АУ СССР, профессор М. С. Андреев маҳфили илмии факултаро ташкил ва сарварӣ мекунад. Соли 1945 ӯро ба радиои Ӯзбекистон ба сифати диктори забони тоҷикӣ ба кор даъват мекунанд. Дере нагузашта дар Радио шӯъбаи барномаҳои адабиву мусиқии тоҷикӣ ташкил мешавад ва Р. Ҳодизода сарпарасти ин шӯъба таъйин мегардад. Ӯ хондану кори масъули Радиоро то охири таҳсили Донишгоҳ бо муваффақият давом медиҳад. Дар давоми чор сол шӯъбаи барномаҳои адабиву мусиқии тоҷик дар Радио ба бахши калон ва овозадори на танҳо Ӯзбекистон, балки кишварҳои форсизабони Шарқ мубаддал мешавад.

Соли 1950, соли охирини таҳсил дар Донишгоҳ Р. Ҳодизода бо тавсияи Кумитаи ҳизби коммунисти Ӯзбекистон ба ҳайати барқароркунандагони рӯзномаи тоҷикии Ӯзбекистон шомил мегардад. Ин рӯзнома, ки 25 августи соли 1924 бо ибтикори устод Айнӣ ва гурӯҳе аз ҳаммаслакону шогирдонашон дар Самарқанд бо номи «Овози тоҷик» ба табъ расида, минбаъд дар Тошканд чоп мешуд, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бинобар мушкилоти маънавиву молиявӣ аз нашр бозмонд. Дар аввали соли 1951 бо номи «Ӯзбекистони сурх» (ҳоло «Овози тоҷик») аз нав ба нашр оғоз мекунад, ки устод Р. Ҳодизода як муддат вазифаи мудири шӯъбаи маданияти рӯзномаи мазкурро ифо намуд.

Таҳсили Донишгоҳ бо муваффақият ба анҷом расид ва тақдир чунин шуд, ки ӯ озими Сталинобод гардид. Барояш маҳрумият аз сӯҳбату ҳамнафасию ҳамнишинии мунтазам бо волидону аҳли хонадон, тарки хонаи ободи бобой дар Самарқанд, дурӣ аз дӯстони зиёди ҷавонӣ ва ишқи беолоишу заминияш дар Тошканд чандон осон

пешина
аз 315
навбатӣ