Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Масалан, унвони бахши мазкур чунин аст: Matni si'ri Rudaki dar transkripsiya. Агар онро ба хатти имрӯзаи тоҷикӣ баргардонем, чунин шакл мегирад: Матни шеъри Рӯдакӣ дар транскрипсия. Ин ҷо дар калимаи шеъри овонависии талаффузи форсии Эрон истифода шудааст, вале дар мавриди вожаҳои дигар талаффузи тоҷикӣ риоя гардидааст. Дар бахши манобеъ низ ҷою санаи нашри аксари китобҳо ва шумораву маҳалли ҳифзи нусхаҳои хаттӣ нишон дода нашудаанд. Умед аст, ки шогирдони Расул Ҳодизода ин кори муҳими шурӯъкардаи ӯро идома дода, матни комилтари илмиву интиқодии Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро ба вуҷуд хоҳанд овард.

ПАЙНАВИШТ

  1. Р. Ҳодизода. Дар бораи санъати назми Рӯдакӣ. Дар китоби: Рӯдакӣ ва замони ӯ, Сталинобод, 1958, с. 125.

  2. Ниг.: Стиль персидско-таджикской поэзии IX-X вв. Москва. Наука. Гл. ред. вост. лит., 1974.

  3. Р. Ҳодизода. Аз гузашта ва ҳозираи адабиёти тоҷик, Душанбе, Ирфон, 1974, с. 111-112.

  4. Р. Ҳодизода. Аз Рӯдакӣ то имрӯз, Душанбе, Адиб, 1988, с. 31.

  5. 1000 мисраи Рӯдакӣ. Таҳияи матн аз Расул Ҳодизода ва Ансор Афсаҳов, Душанбе, Ирфон, 1984, с. 71.

  6. Девони ашъори Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ. Матни илмиву интиқодӣ, бо кӯшиш ва эҳтимоми Расул Ҳодизода ва Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ, Душанбе, 2008, с. бисту нӯҳ.

  7. З. Н. Ворожейкина. Ещё несколько бейтов, приписиваемие Рудаки. Письменние памятники Востока, Л., 1977, с. 75. З. Н. Ворожейкина. Бозёфти чанд байти мансуб ба Рӯдакӣ, аз забони русӣ тарҷумаи Мирзо Муллоаҳмад. Маҷ. «Эроншинохт», Т., 1378 ҳ.ш., № 13.

пешина
аз 315
навбатӣ