Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

медиҳад. Пас аз матни ашъори бозмонда бо зикри тафовутҳо дар поварақӣ бахшҳои «Таълиқот», феҳрастҳо, вожаномаи мухтасар ва «Матни ашъори Рӯдакӣ дар транскрипсия» оварда шудаанд.

Зимнан бояд гуфт, ки ҳарчанд ин китоб дар воқеъ иқдоми муҳимме дар рӯдакишиносӣ буда, дастовардҳои муҳаққиқону мураттибони осори шоирро ҷамъбаст менамояд, вале аз норасоиҳо холӣ нест, ки ба онҳо ишора кардаанд. Аз ҷумла на ҳамаи бозёфтҳои муҳаққиқон истифода шудааст. Масалан мақолаи З. Ворожейкина «Бозёфти чанд байти мансуб ба Рӯдакӣ», ки ҳанӯз соли 1977 ба забони русӣ ба табъ расида, соли 1999 дар маҷаллаи «Эроншинохт» ба забони форсӣ ҳам чоп шудааст, мавриди истифода қарор нагирифтааст.7 Дар муқаддима таъкид шудааст, ки «Ашъори Рӯдакиро дар он вазъе, ки имрӯз дар дасти мост, ба истиснои баъзе шеърҳо, ба таври қотеъ ба навъҳои маъмули манзум ҷудо кардан муҳол аст. Аз ҷиҳати мавзӯъ низ шеърҳоро тасниф кардан душвор аст...

Мо дар ин китоб риоя намудани тарзи классикии девонҳоро беҳтар донистем ва аз ин рӯй шеърҳоро ба тартиби ҳуруфи таҳаҷҷии охири байтҳо ҷойгузин сохтем».8 Аммо дар сохтори девони мазкур ин ҳолат ба назар намерасад ва шеърҳо асосан ба тартиби анвоъи шеър чунин ҷой дода шудаанд: Қасоид, қитъаот, ғазалиёт, рубоиёт, абёти бозмонда аз ашъори мутафаррика, абёти бозмондаи маснавӣ ва достонҳо. Тавре ки дар муқаддима ҳам ишора шудааст, «дар поёни китоб навишти лотинии (transcription) дар асоси алифбои туркӣ илова мешавад».9 Вале зарурат ва ҳадафи овардани ин транскрипсия нишон дода нашудааст. Ба назари мо он тавзеҳ мехоҳад ва усулу вазифаҳои он бояд шарҳ дода мешуд. Маълум нест, ки овонависии он бар мабнои талаффузи кадом забон ё шева сурат гирифтааст.

пешина
аз 315
навбатӣ